Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё бо духтари амаки модараш издивоҷ мекунад?

112320

Таърихи нашр : 29-10-2021

Мушоҳидаҳо : 2529

Савол

Оё ҷоиз аст, ки бо духтари амаки модарам издивоҷ намоям?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Амаки шахс ба тамоми зурийёт (фарзандону наберагон)-и ӯ амак ҳисобида мешавад, зеро амак бародари падар ва ё бародари падарбузург мебошад. Амаки модар ба фарзандонаш низ амак ҳисобида мешавад. Фарзандони амаки модар ба фарзандони он модар амакзода (амакбача, фарзандони амак, писарамаку духтарамак) ҳисобида мешаванд. Гарчанде ки дар баъзе ҷомеаҳо онҳо (фарзандони амаки модар)-ро тағо ва ё хола меҳисобанд. Фарзандони амаки модарро тағо ва ё хола ҳисобидан, ин танҳо як урфу одатест, ки дар байни баъзе мардумон роиҷ аст, аммо аз нигоҳи Шариат ва илми луғат чунин нест.

Бар асоси ин, духтари амаки модар духтари амаки шумо ба ҳисоб меравад ва духтари амак маҳрам нест, аз ин рӯ, бо ӯ издивоҷ кардан ҳеҷ боке надорад.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (34791 ) нигаред, ки мо дар онҷо фатвои Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дар ин мавзӯъ зикр кардаем.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб