Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми ширкат варзидан бо ҳамроҳии кофирон дар идҳояшон

Савол

Бисёре аз мусулмононро мушоҳида намудаам, ки дар ҷашнҳои Кристмас ва дар баъзе ҷаншҳои дигар ширкат меварзанд.

Оё ягон далеле дар Қуръону суннат вуҷуд дорад, ки онро ба онҳо нишон бидиҳам ва он далел бар ғайришаръӣ будани ин амалҳо далолат бикунад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ширкат варзидан бо ҳамроҳии кофирон дар идҳояшон бо сабабҳои зерин ҷоиз нест:

Аввал:

Зеро ин амал монандӣ ба онҳост. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе худро ба қавме монанд созад, пас ӯ аз ҷумлаи онҳост». Ривояти Абудовуд. (Ин таҳдиди хатарнок аст).

Абдуллоҳ ибни Ал-Ос гуфтааст: "Касе дар сарзамини мушрикон зиндагӣ бикунад ва Наврӯзу Меҳргони ононро ҷашн бигирад ва худро ба онон монанд созад ва дар ҳамин ҳол бимирад, дар рӯзи қиёмат зиёнкор хоҳад буд".

Дуввум:

Ширкат варзидан (дар идҳои мушрикон) навъе аз изҳори дӯстию муҳаббат нисбати онҳо мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تَتَّخِذُواْ الْيَهُودَ وَالنَّصَارَى أَوْلِيَاء    (سورة المائدة: ٥١).

«Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуду насороро ба дӯстӣ нагиред».   (Сураи Моида: 51).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاء تُلْقُونَ إِلَيْهِم بِالْمَوَدَّةِ وَقَدْ كَفَرُوا بِمَا جَاءكُم مِّنَ الْحَقِّ   (سورة الممتحنة: ١٠).

«Эй касоне, ки имон овардаед, душмани Ману душмани худро дӯст магиред. Шумо бо онҳо дӯстӣ мекунед, дар ҳоле ки онон ба ҳаққе, ки барои шумо омадааст, куфр варзидаанд».   (Сураи Мумтаҳана: 10).

Саввум:

Ид ин як чизи динӣ-ақидавӣ аст, одатҳои дунявӣ нест, чуноне ки ҳадиси зерин ба он далолат кардааст: «Ҳар қавм иде доранд ва ин иди мост». Ва иди онҳо бар ақидаи фосиди ширкиву куфрӣ далолат мекунад.

Чаҳорум:

Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَالَّذِينَ لا يَشْهَدُونَ الزُّورَ   (سورة الفرقان: ٧٢).

«Ва касоне, ки бар дурӯғ шоҳидӣ намедиҳанд».   (Сураи Моида: 51).

Донишмандон ин оятро ба маънои идҳои мушрикон тафсир кардаанд.

Тӯҳфа кардани кортҳои табрикотӣ ва ё фурӯхтани онҳо ва инчунин фурӯхтани тамоми васоилу лавозимоти идҳои мушрикон аз қабили чароғакҳо, дарахтҳо ва хӯрокҳо ҷоиз нест.

Мо қаблан ба саволи рақами (947) посух дода будем, ки ба ин савол монандӣ дорад ва дар онҷо ин масъала бо тафсил зикр шудааст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид