Душанбе 29 Ҷумода-л-охира 1446 - 30 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ном ба шахсияти инсон таъсире дорад?

11368

Таърихи нашр : 14-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1389

Савол

Ман дар кадом сомонае хондам, ки номҳои сураҳо ё фариштагон барои номгузорӣ намебошад. Ман мехоҳам бидонам, ки оё ин дуруст аст.

Қисми дуввуми саволи ман ин аст:

Оё ном ба шахсияти инсон таъсире дорад. Агар таъсире дошта бошад, читавр?

Шахсе ба ман гуфт: "Номи худро тағйир бидеҳ ... ва ғайра. Он бароят хуб аст .." Оё ин дуруст аст? Агар ин дуруст бошад, ман хоҳиш мекунам, ки баъзе номҳои некӯе, ки мардум онро фаромӯш кардаанд, ё номҳое, ки дар ҳоли ҳозир истифода намешаванду маъноҳои некӯ доранд, ба ман пешниҳод намоед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Номгузорӣ бо номҳое, ки дар он ягон манӯияте набошад ва маънои дуруст дошта бошад, ҳеҷ боке надорад, модоме ки дар он аз ҳадду андоза зиёд мадҳу ситоиши шахс вуҷуд надошта бошад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баъзе номҳоро ба хотири зишт ва носолимии лафзу маънояш тағйир додааст. Ном ба шахсияти инсон таъсире надорад, магар аз боби тафоул. Аз ин хотир, сазовор аст, ки инсон фарзандашро бо номҳои некӯ номгузорӣ кунад ва номҳои зишту баднаморо тарк намояд. Абдуллоҳ, Абдурраҳмон, Муҳаммад, Аҳмад ва ғайра номгузорӣ кунад. Номҳои зишту нописанд, ба монанди Саъб (душвор) ва ғайри онро тарк намояд.

Сарчашма: Шайх Абдулкарим Ал-Хузайр