Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Яке аз шартҳои ҳаҷ тавоноӣ аст, ки тавоноии молиро низ дарбар мегирад. Агар шахс қарзе дошта бошад, ки аз ӯ талаб карда шавад, ба ин маъност, ки қарздеҳон ӯро аз адои ҳаҷ боздоранд, то он даме, ки қарзҳояшонро адо накунад, пас дар ин ҳолат, ӯ набояд ба ҳаҷ биравад, зеро тавоно ҳисобида намешавад. Аммо агар онҳо қарзҳояшонро аз ӯ талаб накунанд ва бидонад, ки онҳо аҳли тасомуҳу гузаштанд (ва онҳо розиянд, ки ӯ ба ҳаҷ биравад), пас дар ин ҳолат, метавонад ба ҳаҷ биравад ва ҳаҷҷи ӯ дуруст аст. Ҳамчунин ҳаҷ (барои қарздор) ҷоиз аст, агар барои пардохти қарз мӯҳлати муайян таъин нашуда бошад ва пардохти он вобаста ба имконият бошад. Гоҳо ҳаҷ метавонад сабаби хайру осонӣ дар пардохти қарз гардад.
Аллоҳ донотар аст.