Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ранг кардани абрӯ бо қалами сурма ё ранг кардани он бо ранги монанд ба пӯсти бадан ҳеҷ боке надорад. Ин бо назардошти амал ба асл аст, ки он раво мебошад. (Асос дар чизҳо раво будани онҳо мебошад. Яъне асос ин аст, ки ҳама чиз ҷоизу ҳалол аст, то он даме ки далеле бар хилофи он вуҷуд надошта бошад). Чуноне ки қаблан дар ҷавоби саволи рақами (103345) баён карда шуда буд.
Агар дар ин ҳангом (яъне ҳангоми сурма кашидан), баъзе аз мӯйҳои абрӯ бидуни қасд бирезад, ҳеҷ боке надорад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
رَبَّنَا لا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا
سورة البقرة: ٢٨٦
«Эй Парвардигори мо! Агар фаромӯш намудем ё хато кардем, моро бозхост макун». (Сураи Бақара: 286).
Ҳамчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ فِيمَا أَخْطَأْتُمْ بِهِ وَلَكِنْ مَا تَعَمَّدَتْ قُلُوبُكُمْ وَكَانَ اللهُ غَفُورًا رَحِيمًا
سورة الأحزاب: ٥
«Дар он чи ки иштибоҳ кардаед, гуноҳе бар шумо нест, вале (гуноҳ) дар он чи аст, ки дилҳоятон қасди онро дорад. Ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст». (Сураи Аҳзоб: 5).
Аллоҳ донотар аст.