Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Даст расонидани кофир ба Қуръон

Савол

Оё барои ғайримусулмон ҷоиз аст, ки Қуръонро бидуни поксозии комил (ба он даст нарасонида) мисли мусулмон бихонад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Қуръони Карим китобест, ки ҷуз покшудагону покизагон ба он даст намерасонанд. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّمَا ٱلْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ   (سورة التوبة: ٢٨).

«Ҳамоно мушрикон палиданд».   (Сураи Тавба: 28).

Аз ин рӯ, набояд ба кофир иҷоза дод, ки ба Қуръон даст расонад, хоҳ насронӣ бошад, яҳудӣ, буддоӣ, ҳиндуӣ ва ё пайрави дини дигар. Вале ҷоиз аст, ки Қуръонро аз радио ва ё аз навор (кассета) гӯш кунад ва инчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки тарҷумаи маъноҳои Қуръонро, ки бо забонҳои гуногун мавҷуданд, бихонад.

Сарчашма: Шайх Ибни Ҷибрин