Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё барои марди зинокор ҷоиз аст, ки бо зани мӯъмина издивоҷ бикунад?

12515

Таърихи нашр : 13-05-2023

Мушоҳидаҳо : 1553

Савол

Лутфан ба ман бигӯед, ки оё бароям ҷоиз аст, ки бо зани мӯъмина издивоҷ бикунам, агар ман дар гузашта бо зани ғайримусулмон алоқаи ҷинсӣ карда бошам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар зинокор холисона тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул мекунад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً إِلا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُوْلَئِكَ يُبَدِّلُ اللهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللهُ غَفُوراً رَحِيماً وَمَنْ تَابَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَإِنَّهُ يَتُوبُ إِلَى اللهِ مَتَابا

   (سورة الفرقان: ٦٨ - ٧١).

«Ва онон, ки бо Аллоҳ маъбуди дигареро намепарастанд ва нафсеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ба ғайри ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кас ин корро бикунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азоб барои ӯ дар рӯзи қиёмат дучанд карда мешавад ва хору зор ва ҷовидон дар он мемонад, ғайри он касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста кунад. Пас онҳоянд, ки Аллоҳ бадиҳояшонро ба некиҳо табдил медиҳад ва Аллоҳ омурзандаи меҳрубон аст. Ва ҳар кас тавба кунад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас бегумон ба шоистагӣ назди Аллоҳ бозмегардад».   (Сураи Фурқон: 68-71).

Агар (марди зинокор) тавба кунад, метавонад бо зани мӯъмина издивоҷ намояд. Агар зинокор тавба кунад, бояд гуноҳони худро бипӯшонад ва онро ошкор накунад.

  Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид