Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Нав кардани вузӯ пеш аз хоб

12782

Таърихи нашр : 07-07-2020

Мушоҳидаҳо : 1785

Савол

Мехостам дар мавриди ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оиди вузӯ намудани мусулмон пеш аз хоб ҳамонанди вузӯяш барои намоз бипурсам. Агар ман аз намози хуфтан то ҳол вузӯамро нигаҳ дошта бошам, оё бароям мумкин аст, ки бо он вузӯ хоб кунам, ё бояд онро пеш аз хоб бори дигар анҷом диҳам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Вузӯ пеш аз хоб, яке аз умури мустаҳабботе, ки сазовор аст, ки инсон онро пеш аз хоб анҷом диҳад.

Дар ин бора ҳадис ворид шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳангоме ки ба бистар рафтӣ, ҳамонанди вузӯят барои намоз, вузӯ бигир".   Ривояти Бухорӣ (247) ва Муслим (2710).

Ибни Ҳаҷар гуфт: Зоҳири он (ҳадис) ин аст, ки аз нав вузӯ гирифтан барои ҳар касе, ки хобидан мехоҳад, мустаҳаб аст, гарчанде ки ботаҳорат бошад. Мумкин аст, ки ин махсус барои шахсони бевузӯ бошад.

Нававӣ гуфт: Агар вузӯ дошта бошад, он вузӯ барояш кофист, чунки мақсад покиза хобидан, аз тарси он ки дар он шаб бимирад ва то ки соҳиби саҳеҳтарин хобҳо бошад ва аз бозии шайтон дар хоб ва тарсонидани ӯ дуртар бошад.      

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид