Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Модараш вафот кард вале бар зиммаи ӯ қазои рӯзаи ду Рамазон боқӣ мондааст

Савол

Модарам вафот кард ва ӯ дар вақти зинда буданаш ба ман мегуфт, ки бар зиммаи ӯ рӯзаи ду моҳи Рамазони ду сола боқӣ мондааст, моҳи рӯза фаро расида буд ва ӯ дар ҳоли таваллуд қарор дошт. Ӯ вафот кард, вале рӯзаи қазоии худро адо накарда буд. Оё ман бояд аз номи ӯ рӯза бигирам ё (ба мискинон) таом бидиҳам? Тариқаи таом додан чӣ гуна аст? Баъзе бузҳоро забҳ карда, онро ба шаст хонавода тақсим кунам, ё арзиши хӯрокро бо маблағ пардохт кунам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Беҳтарин кор ин аст, ки аз номи модаратон рӯза бигиред, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас бимирад ва рӯзае бар зиммааш боқӣ монда бошад, валии ӯ аз номи ӯ рӯза бигирад».   Муттафақун алайҳ (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Валӣ хешованд аст. Агар барои шумо ва барои хешовандони дигари ӯ рӯза гирифтан муяссар нашавад, пас аз мероси ӯ ва ё аз моли худ барои ҳар як рӯз як мискинеро таом  бидиҳед. Миқдори он ним соъ аз ғизои аслии кишвар мебошад. Агар шумо ҳамаашро ҷамъ карда, ба як камбағал бидиҳед, ин низ қобили қабул аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима". Маҷмӯаи дуввум (9/260).