Панҷшанбе 18 Ҷумода-л-охира 1446 - 19 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оиди саҳеҳ будани ҳадиси «Ихлос сирре аз сирҳои Ман аст».

13246

Таърихи нашр : 07-10-2022

Мушоҳидаҳо : 1164

Савол

Дараҷаи ҳадиси қудсии «Ихлос сирре аз сирҳои Ман аст. Ман онро дар дили бандаҳое, ки дӯст медорам, қарор медиҳам» чӣ гуна мебошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин ҳадис хеле заиф ё мавзуъ (бофташуда) аст.

Қазвинӣ ин ҳадисро дар "Мусалсалот"-и худ ривоят кардааст, чуноне ки Ироқӣ дар китоби "Тахриҷу иҳёи улуми-д-дин» (4/365) - аз ҳадиси Ҳузайфа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) -  гуфтааст: Дар санади он Аҳмад ибни Ато Ал-Ҳуҷаймӣ ва Абдулвоҳид ибни Зайд вуҷуд доранд, ки ҳарду матрук мебошанд.

(Ҳадиси матрук ҳадисест, ки онро танҳо як ровӣ ривоят намудааст, ки донишмандон бар заиф будани ӯ иҷмоъ кардаанд ва ё ин ровӣ (ривояткунанда) муттаҳам ба дурӯғ аст ва ё аз ӯ дар муомила бо мардум дурӯғ содир шудааст).

Ҳамчунин Дайламӣ ин ҳадисро дар "Муснаду-л-фирдавс" (3/187) аз Алӣ ва Ибни Аббос ривоят кардааст.

Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (4/109) гуфтааст: Ҳадиси бениҳоят заиф мебошад.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид