Душанбе 22 Ҷумода-л-охира 1446 - 23 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Якҷоя тановул кардани шир ва моҳӣ

13359

Таърихи нашр : 18-11-2020

Мушоҳидаҳо : 1815

Савол

Оё паёмбар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мардум таълим додааст, ки ҳеҷ гоҳ моҳӣ ва ширро якҷоя тановул накунанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид нашудааст, ки ӯ аз нӯшидани шир ҳангоми хӯрдани моҳӣ манъ карда бошад. Азбаски ин чиз собит нашудааст, пас бояд дар ин масъала ба табибон муроҷиат кунем. Агар онҳо гӯянд, ки якҷоя тановул кардани шир ва моҳӣ зараровар аст, пас ҳар дуи онро якҷоя махӯр. Балки бояд ҳар кадоми он алоҳида хӯрда шавад. Аммо агар якҷоя тановул кардани шир ва моҳӣ зараре надошта бошад, пас агар бихоҳӣ, ҳар дуи онро якҷоя тановул намо. Эҳтимол дорад, ки якҷоя тановул кардани шир ва моҳӣ барои баъзе мардумон аз сабаби ҳассосияти муайяне ё табиати баданашон зарар кунад ва ба дигарон зарар накунад.

Хулоса, бояд дар ин масъала ба мутахассисон муроҷиат кунем.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид