Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Саъй байни Сафо ва Марва бе таҳорат

Савол

Ҳангоме, ки байни Сафо ва Марва саъй мекардам, таҳоратам шикаст ва барои нав кардани вузӯ берун баромада натавонистам. Дар тавофи видоъ низ ба ҳамин ҳолат дучор шудам.
Ҳукми касе, ки бе вузӯ тавофу саъй кардааст, чист? Аллоҳ бароятон подоши некӯ диҳад. 

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Саъйи шумо байни Сафо ва Марва дуруст аст, агарчи бе таҳорат ҳам иҷро шуда бошад, зеро барои саъй таҳорат доштан шарт нест. Аммо тавофи видоъ нодуруст аст, зеро яке аз шартҳои тавоф таҳорат доштан аст. Аз ин рӯ, агар то ҳол дар Макка қарор дошта бошед, аз нав бояд тавоф кунед. Ва агар ба кишваратон баргашта бошед, бар шумо қурбонӣ кардан воҷиб аст, ки бояд дар Макка барои камбағалон забҳ карда шавад.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси ва-л-ифто. (Фатово-л-лаҷна 11/264)