Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Аввал рӯзаҳои қазоиашро ба ҷой меорад, сипас аз номи майит рӯза мегирад

Савол

Ҳамсарам (Аллоҳ ӯро раҳм кунад) ду ҳафта пеш аз таърихи ин нома вафот кард. Бар зиммаи ӯ ҳафт рӯз рӯза боқӣ мондааст, ки дар Рамазони гузашта ба сабаби одати моҳона рӯза нагирифта буд. Ӯ қазои он рӯзҳоро анҷом надода, вафот кард. Оё ман метавонам аз номи ӯ рӯза бигирам ё на? Бояд қайд кард, ки бар зиммаи ман рӯзаи як моҳина вуҷуд дорад, ки то ҳол қазои онро ба ҷой наовардаам. Аввал рӯзаҳои қазоиамро ба ҷой оварам, сипас аз номи ӯ рӯза бигирам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

"Агар воқеият ҳамон тавре бошад, ки (дар савол) зикр шуд, пас дар ин ҳолат, бар шумо воҷиб аст, ки аввал рӯзаҳои қазоии худро ба ҷой оваред, сипас баъд аз он бароятон машрӯъ аст, ки рӯзаҳои қазоии ҳамсаратонро ба ҷой оваред, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

 «Ҳар кас бимирад ва рӯзае бар зиммааш боқӣ монда бошад, валияш аз номи ӯ рӯза бигирад».   Муттафақун алайҳ (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Валӣ хешованд аст ва шумо низ аз наздикони ӯ ҳастед.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод". Поёни сухан.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Шайх .. Шайх Бакр Абузайд.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима". Маҷмӯаи дуввум (9/261).

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима". Маҷмӯаи дуввум (9/261).