Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Аввал:
Яке аз бузургтарин чизе, ки зан бар зидди шавҳараш анҷом медиҳад ва дар ҳаққи ӯ содир менамояд, ин фосид кардани бистари ӯ бо зино ва омехта сохтани оби ӯ бо оби палиду нопоки зино мебошад. Аз ин рӯ, зинои зан мояи ору нанги шавҳар ва расвоӣ дар ҳаққи ӯ мебошад.
Ибни Қаййим (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
“Зинои зан нисбат ба зинои мард зишттар аст, зеро зан (бо зино) бар поймол намудани ҳаққи Аллоҳ чизҳои зеринро илова менамояд: Фосид кардани бистари шавҳар, ворид сохтани насаби дигар бар шавҳар, шарманда намудани хонаводаю хешовандони худ, содир кардани ҷиноят маҳз бар ҳаққи шавҳар, хиёнат намудани шавҳар, беобрӯ кардани шавҳар дар назди мардум, мавриди маломату сарзаниш қарор гирифтани шавҳар ба хотири зани фоҳиша доштан ва дигар мафсадаҳои зинокорӣ”. Поёни сухан. “Зоду-л-маъод” (5/377).
Дуввум:
Дар фитратҳо собит шудааст, ки мард аз издивоҷ намудани зани зинокор ор мекунад ва ба ҳамин хотир издивоҷ бо зани зинокор то замоне, ки аз зинояш тавба накунад, ҳаром карда шудааст. Дар китоби “Ал-Иқноъ” ва шарҳи он омадааст:
Издивоҷи зани зинокор, ҳар гоҳ зинои ӯ дониста шавад, бар марди зинокор ва бар дигарон ҳаром мебошад, то ин ки тавба бикунад ва иддааш ба охир бирасад, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَالزَّانِيَةُ لَا يَنْكِحُهَا إلَّا زَانٍ أَوْ مُشْرِكٌ
سورة النور: ٣
«Ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё марди мушрик ба занӣ намегирад». (Сураи Нур: 3).
Поёни сухан аз китоби “Кашшофу-л-қиноъ” (5/82).
Ҳар гоҳ барои шавҳар зинои ҳамсараш пас аз издивоҷ маълум шавад ва барояш ошкор шавад, ки ӯ аз ин кор тавба накардааст, бар ӯ ҳаром аст, ки бо ӯ зиндагӣ бикунад, балки дар ин ҳолат бо ӯ зиндагӣ кардан дайюсӣ аст, ки ҳар як шахси бомурувват аз он нангу ор дорад.
Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди касе пурсида шуд, ки ба хонааш рафт ва марди бегонаеро дар назди ҳамсараш ёфт ва ҳаққи ӯро пурра адо намуда, ӯро талоқ дод. Сипас баргашта, бо ӯ сулҳ намуд ва пас аз муддате шунавид, ки ҳамсараш дар паҳлӯи як марди бегонае дида шудааст.
Дар ҷавоб гуфт:
Дар ҳадиси паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) омадааст: «Ҳангоме ки Аллоҳ таъоло ҷаннатро офарид, фармуд: Ба иззату бузургиам савганд, ки бахил, дурӯғгӯ ва дайюс вориди ту намешаванд». “Дайюс” оне ки рашку ғайрат надорад.
Дар “Саҳиҳ” аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Ҳамоно мӯъмин ғайрат дорад. Ҳамоно Аллоҳ ғайрат дорад ва ғайрати Аллоҳ дар он аст, ки мӯъмин он чиро, ки бар ӯ ҳаром шудааст, анҷом бидиҳад».
Аллоҳ таъоло фармудааст:
الزَّانِي لَا يَنكِحُ إلا زَانِيَةً أَوْ مُشْرِكَةً وَالزَّانِيَةُ لا يَنكِحُهَا إِلا زَانٍ أَوْ مُشْرِكٌ وَحُرِّمَ ذَلِكَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ
سورة النور: 3
«Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё марди мушрик ба занӣ намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудааст». (Сураи Нур: 3).
Аз ин рӯ, дидгоҳи дуруст аз миёни ду дидгоҳи донишмандон ин аст, ки издивоҷ бо зани зинокор ҷоиз нест, магар баъд аз тавба. Ҳамчунин агар зан зино мекарда бошад, набояд ӯро бар ин ҳолат нигаҳ дорад (яъне набояд дар ин ҳолат бо ӯ зиндагӣ бикунад), балки аз ӯ ҷудо шавад, вагарна ӯ дайюс хоҳад буд. Поёни сухан.
“Маҷмуъу-л-фатово” (32/141).
Ҳамчунин Шайху-л-ислом (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди марде пурсида шуд, ки канизе дорад ва бо ӯ ҳамбистарӣ менамояд ва медонад, ки шахси дигаре низ бо ӯ ҳамбистарӣ мекунад ва ӯ канизи худро (аз амали фоҳиша) нигаҳ намедорад.
Дар ҷавоб гуфт:
Ӯ дайюс мебошад. «Дайюс вориди биҳишт намешавад». Аллоҳ донотар аст. Поёни сухан.
“Маҷмуъу-л-фатово” (32/143).
Саввум:
Шумо (дар савол) зикр кардед, ки ҳар касе ҳаққи маро бигирад, гузашт мекунам ва ҳар касе ба ман ситам намояд, мебахшам. Ин сифати хубу некӯ аст, аммо ин сифат танҳо дар он ҳолат шоёни таҳсин аст, ки манъкардаҳои Аллоҳ поймол карда нашавад ва фисқу фуҷурро бар худ ва хонаводаи худ раво набинед. Мардум фитратан аз он нафрат доранд ва анҷомдиҳандаи онро мазаммату сарзаниш мекунанд.
Шайху-л-ислом Ибни Таймийя (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَلَا تَأْخُذْكُمْ بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللهِ
سورة النور: ٢
«Набояд дар (ҷорӣ кардани ҳукми) дини Аллоҳ нисбат ба он ду дилсӯзӣ дошта бошед». (Сураи Нур: 2).
Аллоҳ таъоло аз он чизе, ки шайтон ба он дар муҷозот ба таври ом ва дар корҳои фаҳшо ба таври хос амр мекунад, манъ намудааст. Асоси ин боб муҳаббату шаҳват ва шафқату дилсӯзӣ мебошад, ки шайтон онро бо воситаи моил намудани дилҳо ба фоҳишакорон ва дилсӯзӣ ба онон оро медиҳад, то ин ки бисёре аз мардум ба сабаби ин офат вориди дайюсӣ ва камрашкӣ шаванд. Агар касеро бубинад, ки ошиқи баъзе аз пайвандонаш аст ё бо ӯ муносибати ғайриахлоқӣ дорад ва ё дар ӯ муҳаббат ё завқу шавқ ва ишқеро бубинад, агар фарзандаш бошад, ба ӯ дилсӯзӣ менамояд ва гумон мекунад, ки ин раҳм ба халқ, нармӣ нисбат ба онҳо ва ахлоқи писандида аст, балки ин дайюсӣ, хорӣ, бединӣ ва сустимонӣ, кӯмак ба гуноҳу таҷовуз ва тарки наҳй аз фаҳшо ва мункар аст. Нафс ба воситаи он вориди қавводагӣ, ҷокашӣ ва даллагӣ мешавад, ки бузургтарин шакли дайюсӣ аст”. Поёни сухан.
“Маҷмуъу-л-фатово” (15/287-288).
Эй бандаи Аллоҳ! Бояд бидонӣ, ки на ҳар афву бахшиш хайр аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) нармтарин ва бахшандатарини мардумон буд, вале он дар назди ҳудуди Аллоҳ ба поён мерасид. Ягон афву бахшише дар он вуҷуд надорад ва ягон таҷовузе бар он раво нест.
Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод)
фармудааст: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳеҷ гоҳ чизеро ва ё занеро ва ё хидматгореро бо дасти худ назадааст, магар ин ки дар роҳи Аллоҳ меҷангид. Ҳаргиз ба хотири умури шахсӣ аз касе интиқомҷӯӣ намекард, магар дар мавориде, ки маҳорими илоҳӣ шикаста мешуд, дар ин сурат ба хотири Аллоҳ таъоло интиқом мегирифт».
Ривояти Бухорӣ (6853) ва Муслим (2328).
Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
Афву бахшиши матлуб онест, ки дар он ислоҳ вуҷуд дошта бошад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
فَمَنْ عَفَا وَأَصْلَحَ فَأَجْرُهُۥ عَلَى ٱللهِ
سورة الشورى: ٤٠
«Пас, ҳар кас афв намояд ва ислоҳ кунад, подошаш бар Аллоҳ аст». (Сураи Фуссилат: 38).
Агар дар афву бахшиш ислоҳкорӣ бошад, масалан қотил бо некӯкорӣ шӯҳрат ёфта бошад, вале ин амал як маротиба аз ӯ рух дода бошад ва бидонем ва ё ба эҳтимоли зиёд гумон бикунем, ки агар ӯро бибахшем, ба роҳи рост устувор мешавад ва аҳволаш беҳтар мешавад, пас дар ин ҳолат, афву бахшиш беҳтар аст, хусусан агар фарзандони нотавоне дошта бошад ва ҳоказо. Агар бидонем, ки қотил ба бадкориву фасодкорӣ шӯҳрат ёфта бошад ва агар ӯро афв кунем, зишткориву фасодкориаш меафзояд, пас дар ин ҳолат, аз ӯ гузашт накардан беҳтар аст, балки шояд аз ӯ гузашт накардан воҷиб бошад. Поёни сухан аз китоби “Тафсиру-л-Қуръон” (4/247).
Шакке нест, ки таҷрибаҳои қаблии ин зан далолат мекунад, ки ин зан фосид буда, нисбат ба хонаву номус ва тарбияи фарзандонатон беэътимод аст. Бинобар ин, барои шумо ҳалол нест, ки бо ӯ зиндагӣ бикунед, модоме ки ӯ дар ин ҳолат қарор дорад. Агар ӯ изҳори пушаймониву тавба карда бошаду, боз ҳамон корашро анҷом дода ва хиёнат карда бошад, мо фикр намекунем, ки аз ӯ дар амон хоҳед буд. Ба ӯ дастур бидиҳед, ки байни худ ва Парвардигор сидқан тавба намояд.
Аммо духтаронатонро кӯшиш намуда, бо ҳар роҳе, ки тавонед, аз ӯ бигиред, ҳатто бо таҳдид ва бардоштани ин мавзӯъ ба хонаводааш ҳам бошад. Ё ба ӯ чизе дода, бо ӯ сулҳ намоед ва ё бо ҳар роҳе, ки бароятон муяссар шавад, духтаронатонро аз дасти ӯ бигиред. Муҳим ин аст, ки шумо барои халос шудан аз ӯ ва гирифтани духтаронатон кӯшиш кунед.
Аз Аллоҳ хоҳонам, ки аз он зан беҳтарашро ба шумо насиб гардонад.
Аллоҳ донотар аст.