Сешанбе 1 Зулқаъда 1446 - 29 Апрел 2025
Тоҷикӣ

Ҳукми тӯҳфа ё садақа додан ба хизматгорзан

Савол

Ҳукми тӯҳфа ё садақа додан ба хизматгорзан чист?

Матни ҷавоб

Тӯҳфа ё садақа додан ба хизматгорзан ягон монеияте надорад, агар ӯ ба он ниёз дошта бошад.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд: Оё ҷоиз аст, ки ба хизматгорзан аз закот садақа дода шавад, бо вуҷуди он ки мо ба ӯ бардавом маош медиҳем?

Чунин посух дод:

Ҳеҷ боке нест, ки инсон закоти худро ба хизматгораш бидиҳад, хоҳ хизматгор мард бошад ё зан, агар ӯ дар кишвари худ оилаи мӯҳтоҷ дошта бошад ва маоше, ки мегирад, барои оилааш кофӣ набошад. Аммо агар маош кофӣ бошад, яъне барои оилааш басанда бошад, пас дар ин ҳолат ҷоиз нест, ки ба ӯ закот дода шавад.
Зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

إِنَّمَا الصَّدَقَاتُ لِلْفُقَرَاءِ وَالْمَسَاكِينِ وَالْعَامِلِينَ عَلَيْهَا وَالْمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمْ وَفِى الرِّقَابِ وَالْغَارِمِينَ وَفِى سَبِيلِ اللهِ وَابْنِ السَّبِيلِ فَرِيضَةً مِّنَ اللهِ وَاللهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

سورة التوبة: ٦٠

«Садақаҳо танҳо барои фақирон ва мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он ва дилҷӯшудагон ва барои (озод кардани) бандагон ва (пардохти қарзи) қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ ва мусофирон (дарроҳмондагон) аст. Фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ донои ҳаким аст».   (Сураи Тавба: 60).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки Муоз ибни Ҷабалро ба Яман фиристод, ба ӯ фармуд: «Ба онҳо хабар бидеҳ, ки Аллоҳ бар онҳо садақаеро дар молҳояшон фарз гардонидааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон дода мешавад».   Поёни сухан.

Агар закот додан ба хизматгор ҷоиз бошад, пас садақаи нофила аз боби авло ҷоиз мебошад.

Аммо бояд диққат дод, ки барои закотдиҳанда ҷоиз нест, ки аз закоте, ки ба хизматгорзан медиҳад, баҳра барад. Масалан, бар ивази зиёд кардани маош ё мукофоте, ки ваъда карда буд, закот бидиҳад ва ё ин ки ӯро бештар аз он чи ки мувофиқа шуда буд, кор фармояд ва монанди ин.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб