Якшанбе 16 Ҷумода-л-уло 1446 - 17 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳуқуқи бародарону хоҳарон

Савол

Бародарону хоҳарон ва падару модар бар мард чӣ ҳуқуқе доранд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бародарону хоҳарон аз ҷумлаи хешовандоне ҳастанд, ки Шариат ба робита намудан ба онҳо амр намудааст.

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аллоҳ таъоло мефармояд: Ман Раҳмон (меҳрубон) ҳастам ва ин раҳм (хешовандӣ) аст, ки аз номам барояш номеро иштиқоқ кардам (яъне номи онро аз номи худ гирифтам). Пас ҳар кас, ки робитаашро бо он барқарор намояд, Ман бо ӯ робита барқарор мекунам ва ҳар кас онро қатъ кунад, Ман робитаамро бо ӯ қатъ мекунам».   Тирмизӣ (1907) ва Абудовуд (1694) ин ҳадисро ривоят кардаанд. Шайх Албонӣ онро дар китоби “Ассилсилату-с-саҳиҳа” (520) саҳеҳ донистааст.

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас шод гардад, ки умраш дароз шавад ва ризқаш афзоиш ёбад, пас силаи раҳм бикунад».   Ривояти Бухорӣ (1961) ва Муслим (2557).
Аз ҷумлаи ҳуқуқе, ки онҳо ва дигар мусулмонон доранд, ба ҷуз ин ки ҳуқуқи онҳо муаккадатар аст, инҳоянд: Агар бо онҳо рӯбарӯ шавӣ, салом бидеҳ, агар туро даъват кунанд, даъваташонро бипазир, агар атса бизананд (ва алҳамду лиллоҳ бигӯянд), ба атсаашон посух бидиҳ (яъне ярҳамукаллоҳ бигӯ), агар бемор шаванд, ба аёдаташон бирав, агар бимиранд, ба ҷанозаашон ширкат варз, агар савганд ёд кунанд, ки ту кореро бикунӣ, ба савгандашон вафо намо, агар аз ту насиҳат бихоҳанд, ба онҳо насиҳат бикун, агар нопадид шаванд, онҳоро дар ғоибиашон ҳифз намо, он чиро, ки барои худ дӯст медорӣ, барои онҳо низ дӯст бидор ва он чиро, ки барои худ бад мебинӣ, барои онҳо низ бад бин. Ҳамаи ин амалҳо дар ҳадисҳои саҳеҳ зикр шудааст.

Аз ҷумла: Ҳеҷ яке аз онҳоро бо кирдору гуфтори худ азият надиҳад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Мусулмон касест, ки мусулмонон аз забону дасти ӯ эмин бимонанд».   Ривояти Бухорӣ (10) ва Муслим (40).

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси дарозе ба амалҳои бофазилат дастур дода, мефармояд: «Агар натавонӣ, пас мардумро аз бадии худ нигаҳ дор, зеро ин садақаест, ки ба худ садақа кардаӣ».   Ривояти Бухорӣ (2382) ва Муслим (84).

Дар мавриди ҳукуқи падару модар, мо дар ҷавоби саволи рақами (5053) ҳукуқи модарро нисбат ба фарзандон шарҳ додаем.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб