Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Марде вафот кард ва як духтару писари писари бародар аз худ ба ҷой гузошт

160730

Таърихи нашр : 29-07-2024

Мушоҳидаҳо : 1266

Савол

Марде хеле пеш вафот кард ва як порча замине дошт ва ягон васиятномае нагузошт. Аз хонаводаи ин мард ба ҷуз духтари ягонааш ва писари писари амаки ин духтар дигар касе боқӣ намондааст. Ҳиссаи ҳарду ҷониб чи қадарӣ аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар марде бимирад ва як духтар ва писари писари бародар аз худ боқӣ бигзорад, ба духтар нисфи мерос дода мешавад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:

يُوصِيكُمُ اللهُ فِي أَوْلَادِكُمْ لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ فَإِنْ كُنَّ نِسَاءً فَوْقَ اثْنَتَيْنِ فَلَهُنَّ ثُلُثَا مَا تَرَكَ وَإِنْ كَانَتْ وَاحِدَةً فَلَهَا النِّصْفُ

سورة النساء: ١١

«Аллоҳ дар бораи фарзандонатон ба шумо суфориш мекунад, саҳми писар монанди саҳми ду духтар аст. Пас агар занон (духтарон) беш аз ду нафар бошанд, ду саввум (ду сеяк, аз се ду ҳисса)-и мерос аз онҳост. Ва агар як духтар бошад, пас нисфи мерос аз они ӯст».   (Сураи Нисо: 11).

Боқимонда барои писари бародари майит аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«Фароиз (ҳиссаҳои муайяншудаи ворисон)-ро ба соҳибонаш бидиҳед. Агар аз он чизе боқӣ бимонад, ба наздиктарин мард бидиҳед».   Ривояти Бухорӣ (6732) ва Муслим (1615).
Ӯ нисфи меросро ҳамчун асаба соҳиб мешавад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб