Шанбе 27 Ҷумода-л-охира 1446 - 28 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё хӯрдани мурғи марҷон ҷоиз аст?

162918

Таърихи нашр : 06-11-2020

Мушоҳидаҳо : 1716

Савол

Оё хӯрдани мурғи марҷон ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Асос дар хӯрокҳо ва нӯшокиҳо ҳалол будани онҳо мебошад, то он даме ки далели ҳаром будани он собит нагардад.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الأَرْضِ جَمِيعاً   البقرة/29.

{Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид}.   (Сураи Бақара: 29).

Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки фармуд: Аҳли ҷоҳилият (мардум пеш аз Ислом, дар замони бутпарастӣ ва ҷаҳлу нодонӣ) баъзе чизҳоро мехӯрданд ва баъзе чизҳои дигарро нопоку палид ҳисобида, тарк мекарданд (яъне намехӯрданд). Сипас Аллоҳ таъоло паёмбари худро фиристод, китоби худро нозил кард, баъзе чизҳоро ҳалол ва бархе дигареро ҳаром гардонид. Пас он чизе ки ҳалол гардонид, ҳалол аст ва он чизе ки ҳаром гардонид, ҳаром аст ва он чизе ки аз он сукут кард, афву бахшоиш аст. Сипас ояти зеринро тиловат кард:

قُلْ لَا أَجِدُ فِي مَا أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَى طَاعِمٍ يَطْعَمُهُ إِلَّا أَنْ يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنزِيرٍ فَإِنَّهُ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّهِ بِهِ فَمَنْ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ رَبَّكَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

{Бигӯ: "Дар миёни он чӣ ба ман ваҳй шудааст, чизеро ки хӯрдани он барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар (гӯшти) мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид аст, ё (ҳайвоне, ки ҳангоми забҳ) аз рӯи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таъоло бар он бурда бошанд". Пас, ҳар ки (барои ҳифзи ҷони худ, ба хӯрдани онҳо) дармондаву ночор шавад, агар саркаш ва зиёдахоҳ набошад. Ба ростӣ, ки Парвардигорат омурзандаи меҳрубон аст}.   (Сураи Анъом: 145).

Ривояти Абудовуд (3306). Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.

Бар асоси ин, хӯрдани мурғи марҷон ҳалол аст.

Ҳадисе, ки дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (5039) аз Абумусои Ашъарӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ин асосро таъйид мекунад, ки фармудааст:

«Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дидам, ки мурғеро мехӯрд».

Муборакфурӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Аз ин ҳадис фаҳмида мешавад, ки хӯрдани мурғ ҷоиз аст, хоҳ мурғи хонагӣ бошад ва хоҳ мурғи даштӣ. Ва ин бо иттифоқи донишмандон аст". Поёни сухан.

Барои маълумоти бештар, лутфан ба ҷавоби саволи рақами (119660) нигаред.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб