Ҷумъа 26 Ҷумода-л-охира 1446 - 27 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Кай дуои намози истихора хонда мешавад?

Савол

Ҳар гоҳ мусулмон намози истихора бихонад, оё дуои истихораро пас аз ташаҳҳуд ва пеш аз хориҷ шудан аз намоз мехонад ва ё пас аз саломи намоз?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Дар мавриди дуои истихора машрӯъ  ин аст, ки он бояд пас аз тамом шудани намоз хонда шавад. Ин дидгоҳи ҷумҳури донишмандон аст.

Дар "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (3/245) омадааст: Ҳанафиён, моликиён, шофеиён ва ҳанбалиён гуфтаанд: Дуо пас аз намоз хонда мешавад ва ин мувофиқи матни ҳадиси шарифест, ки аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид шудааст. Поёни сухан.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Барои мусулмон машрӯъ аст, ки ҳар гоҳ намози истихора бихонад, баъд аз саломи намоз дуо бихонад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳар гоҳ яке аз шумо ба анҷом додани коре тасмим бигирад, ду ракаъат намозе ғайри фариза бихонад ва сипас бигӯяд: Аллоҳумма иннӣ астахирука биилмика... ». Ҳадис.

Ин далолат мекунад, ки дуои истихора пас аз саломи намоз хонда мешавад".

Поёни сухан аз "Маҷмуъу-л-фатово" (11/389).

Аз донишмандони "Кумитаи доимӣ" (8/162) пурсиданд: Оё дуои истихора пеш аз салом ва ё баъд аз салом, пас аз хориҷ шудан аз намоз хонда мешавад?

Дар ҷавоб гуфтанд: "Дуои истихора баъд аз саломи намози истихора хонда мешавад". Поёни сухан.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Дуои истихора баъд аз салом хонда мешавад, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Пас ду ракъат намоз бихонад ва сипас бигӯяд». Ва (баъди намоз) дуоро зикр намуд". Поёни сухан аз "Лиқоу-л-боби-л-мафтуҳ" (Рақами: 20).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб