Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё ҷоиз аст, ки мард барномаҳое, ки ровиёнаш занҳои бараҳна ё ҳиҷобдоранд, тамошо кунад?

171678

Таърихи нашр : 20-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1844

Савол

Оё ҷоиз аст, ки мард барномаҳои сиёсӣ ё ғайри сиёсие, ки ровиҳояш занҳои бараҳна ва ё ҳиҷобдоре, ки ҳиҷобашон эҳтиёҷ ба ҳиҷоб дорад, тамошо бикунад? Ё ки баъзе мусобиқаҳое, ки дар он занҳои бараҳна иштирок мекунанд, тамошо бикунад? Ва оё ҷоиз аст, ки шайхҳо дар барномаҳое, ки ровиҳояш занҳои бараҳна, балки дар ин барнома меҳмонзанҳо низ ҳастанд, иштирок кунанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Аллоҳ таъоло ҳамаи бандаҳои мӯъминашро амр намудааст, ки чашмони худро аз назар намудан ба авратҳо ва номаҳрамон фурӯ гиранд.

Худованди Таъоло фармудааст:

 قُل لِّلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ذَٰلِكَ أَزْكَىٰ لَهُمْ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ ، وَقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا

 النور/30-31

 "Ба мардони мӯъмин бигӯ, то чашмҳои худро (аз назар кардан ба номаҳрамон) фурӯ гиранд ва шармгоҳи худро ҳифз кунанд, ин барои онон покизатар аст. Ҳароина Аллоҳ ба он корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст. Ва ба занони мӯъмина бигӯ, то чашмҳои худро фурӯ гиранд ва шармгоҳи худро ҳифз кунанд ва зинати худро ҷуз он миқдор, ки намоён аст ошкор накунад".   (Сураи Нур: 30-30).

Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар тафсири ин ояти карима гуфтааст: "Ин амр аз ҷониби Аллоҳ таъоло ба бандаҳои мӯъмин аст, ки чашмони худро аз он чизе, ки бар онҳо ҳаром гардонидааст, фурӯ гиранд. Танҳо ба он чизе, ки ба онҳо раво гардонидааст, назар кунанд ва чашмони худро аз номаҳрамон фурӯ доранд. Агар ногаҳон чашмашон ба номаҳраме бархӯрад, пас бояд зуд чашмони худро  баргардонанд". Поёни сухан аз китоби "Тафсири Ибни Касир" (6/41).

Дуввум:

Лозим аст, ки инҷо дар бораи шинохти ҳудуди аврат гузориш бидиҳем. Имом Қуртубӣ  (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:  "Мусалмонон хама иҷмоъ намудаанд, ки шармгоҳои марду зан авратанд. Зан бошад тамоми баданаш ба ҷуз аз рӯй ва дастонаш, аврат мебошад. Аммо дар бобати дасту рӯй олимон байни ҳам ихтилоф кардаанд". Поёни сухан аз китоби "Тафсири  Қуртубӣ" (12/237). Ба китоби "Бидояту-л-муҷтаҳид ва ниҳояту-л-муқтасид"-и Ибни Рушд (1/99) нигаред.

Лутфан ба ҷавоби саволи рақами (121171) ва (12371) нигаред.

Саввум:

Аз он чизе, ки дар боло зикр шуд маълум гашт, ки тамоми бадани зан ба ҷуз аз рӯй ва ду кафи даст нисбати марди бегона аврат аст. Ин бо дарназардошти ихтилофе, ки дар ин ду (яъне рӯй ва кафи дастон) вуҷуд дорад, мебошад.   

Дар "Саҳиҳ"-и Муслим (338) аз Абусаиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Мард ба аврати мард ва зан ба аврати зан назар накунад".

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: "Ҳукмҳое, ки аз ин масъала гирифта мешаванд, инҳоянд: Назар кардани мард ба аврати мард ва назар кардани зан ба аврати зан ҳаром буда, дар ин масъала ихтилофе нест. Ҳамчунин назар кардани мард ба аврати зан ва назар кардани зан ба аврати мард, ба иҷмоъи уламо ҳаром аст. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз назар кардани мард ба аврати мард ва зан ба аврати зан сарзаниш намудааст ва ин масъала, яъне назар кардани мард ба аврати зан ва назар намудани зан ба аврати мард аз боби авло ҳаромтар аст".

Сипас Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Аммо дар бобати назар намудани мард ба зан бошад, тамоми бадани зан барои мард ҳаром аст". Поёни сухан аз китоби "Шарҳи саҳиҳи  Муслим"-и Нававӣ.

Хулоса аз гуфтаҳои боло ин аст:

Бо иҷмоъи уламо бадани зан ба ҷуз аз рӯй ва ду кафи даст, ки нисбати ин ду ихтилофи муътабаре вуҷуд дорад, ҳамааш аврат мебошад. Инчунин бо иҷмоъи уламое, ки дар боло зикр намудем, ба аврати зан назар кардан ҳаром буда, агарчанде, он назари шаҳвонӣ ва аз фитна эмин ҳам бошад, ҳалол нест. Аммо дар масъалаи бе шаҳват назар намудан ба рӯй ва ду кафи дасти зан ихтилоф кардаанд. Раъйи саҳеҳ назар карданро ба дасту рӯй агарчи бе шахват ҳам, ки бошад ҳаром мегӯяд. Магар дар ҳолатҳои зарурӣ, ба монанди ҳангоми хостгорӣ назар кардан.

Пас, вақте ки инро фаҳмидем ва ҳоли ровиёни барномаҳои телевизионӣ аз бараҳнагӣ, зебу ороиши ошкор ва расвогиву қасдан зоҳир намудани зинатҳояшон, ба мо возеҳ гашт, дар ин ҳолат бояд донем, ки аз рӯи усулу матнҳои шариъат ва  суханони аҳли илм, ки онро дар ин масъала иқрор намудаанд, бар меояд, ки раъйи саҳеҳ назар накардан ба чунин ровиён буда, хукми он ҳаром мебошад, агарчанде шахси назаркунанда бигӯяд, ки ӯ аз фитна эмин асту, бо шаҳват назар нахохад кард.

Дар иштирок кардани занон дар чунин барномаҳо, назар ба номаҳрамон ва омезиши бештар байни марду зан вуҷуд дорад.

Манфиатҳои шаръии чунин барномаҳоро бо роҳҳои дигар, ки дар он назар ба номаҳрамон ва омезиши зану мард вуҷуд надорад, ба даст овардан мумкин аст.

       Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб