Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳукми хӯрдани гӯшти гурба

172564

Таърихи нашр : 22-12-2020

Мушоҳидаҳо : 1718

Савол

Ҳукми хӯрдани гӯшти гурба чист? Аллоҳ шуморо ҳифз кунад, онро бо далел зикр мекардед.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Хӯрдани гӯшти гурба ҷоиз нест, зеро аз Абусаълабаи Хушанӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз хӯрдани гӯшти ҳар ҳайвоноти даррандаи нешдор манъ кард".   Ривояти Бухорӣ (5101) Муслим (3571).

Гурба дар умуми ин ҳадис дохил аст, зеро он ба дандонҳояш шикор мекунад.

Ибни Қудома (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

"Аксарияти донишмандон аз ҷумла Молик, Шафеӣ, Абусавр, асҳоби ҳадис, Абуҳанифа ва ҳамроҳонаш ҳар як ҳайвони даррандае, ки нешу дандони пурзӯр дорад ва бо он ҳамла карда мешиканад, ба ҷуз кафтор ҳаром медонанд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Муғнӣ" (9/326).

Аз донишмандони кумитаи доимии фатво (22/292) пурсиданд: Оё хӯрдани гӯшти гурба ҳаром аст, ё макруҳ?

Дар ҷавоб гуфтанд:

"Хӯрдани гӯшти гурба ҳаром аст, зеро гурба аз ҳайвоноти нешдор (дандони шикоридор) ба ҳисоб меравад. Абудовуд аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки фармуд: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз хӯрдани гӯшти ҳар ҳайвоноти даррандаи нешдор ва паррандагони чанголдор манъ кард". Поёни сухан.

Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз .. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ .. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб