Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Даҳоншӯйе, ки дар таркибаш спирт дорад

Савол

Баъзеҳо ба ман маслиҳат доданд, ки Listerine-ро, ки як навъ моддаи даҳоншӯйӣ аст, истифода накунам. Сабаб дар он аст, ки дар таркиби он моддаи алкулӣ (спиртӣ) вуҷуд дорад.

Агар он моддаи алкулии дар таркиби он мавҷудбуда масткунанда набошад, оё сабаби дигаре барои ҳаром будани он вуҷуд дорад ё истифодаи он ҷоиз аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар моддаи алкулии дар таркиби он даҳоншӯй мавҷудбуда масткунанда набошад, истифодаи он дуруст аст, ба шарте ки зиёне надошта бошад, зеро танҳо чизи масткунанда ҳаром аст.

Шайх Саъд Ал-Ҳумайд.

Дар ин ҳолат, ба таври умум бояд ба он моеъ назар кард, агар миқдори зиёди он масткунанда бошад, миқдори ками он ҳам ҳаром аст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид