Панҷшанбе 13 Ҷумода-л-уло 1446 - 14 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Чӣ касе расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро баъд аз вафоти модараш сарпарастӣ кард?

20240

Таърихи нашр : 13-09-2024

Мушоҳидаҳо : 1353

Савол

Чӣ касе паёмбар Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро баъд аз вафоти падару модараш нигоҳубин кард?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Сарпарасти ӯ падарбузургаш Абдулмутталиб буд, сипас баъд аз вафоти падарбузургаш, амакаш Абутолиб сарпарастии ӯро ба ӯҳдаи худ гирифт. Ҳарду кофир мурданд, вале Абдулмутталиб пеш аз оғози рисолати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) вафот кард. Аммо Абутолиб бошад, тақрибан даҳ сол пас аз оғози рисолати паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), пас аз он ки аз ворид шудан ба Ислом сарпечӣ кард, даргузашт.

Ибни Касир гуфтааст:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бо модараш Омина бинти Ваҳб буд, вақте ки ӯ вафот кард, падарбузургаш Абдулмутталиб ӯро ба назди худ гирифт. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар рӯи фарши падарбузургаш менишаст.* Абдулмутталиб хӯроке намехӯрд, магар ин ки мегуфт, писарамро биёред, сипас ӯро ба наздаш меоварданд. Ҳангоме ки ба Абдулмутталиб марг фаро расид, ба Абутолиб васият намуд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) муҳофизат кунад. Ибни Исҳоқ гуфтааст: Ҳангоме ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳаштсолагӣ расид, падарбузургаш Абдулмутталиб ибни Ҳошим вафот кард. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз падарбузургаш Абдулмутталиб бо амакаш Абутолиб монд, чунки Абдулмутталиб ба ӯ васият карда буд ва ҳамчунин ба хотири он ки ӯ бародари шақиқи падараш Абдуллоҳ буд. (Абдуллоҳ ва Абутолиб аз як падару модар буданд. Падарашон Абдулмутталиб буд). Модарашон Фотима бинти Амр ибни Оиз ибни Имрон ибни Махзум буд. Абутолиб умури расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бар зиммаи худ гирифт. Абутолиб мол надошт. Ӯ расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро сахт дӯст медошт, бештар аз фарзандонаш. Танҳо дар канори ӯ мехобид. Чун берун равад, ҳамроҳи ӯ берун мерафт. Беҳтарин хӯрокро ба ӯ пешкаш мекард.
“Ал-Бидояту ва-н-ниҳоя” ҷилди 2, саҳ 282.

* Барои Абдулмутталиб дар зери сояи Каъба фарше гузошта мешуд. Писаронаш ӯро хеле эҳтиром мекарданд ва ҳеҷ яке аз онҳо аз рӯи эҳтиром ба болои он наменишаст. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хурдсол буд, омада бар болои он менишаст, вале амаконаш рафта ӯро аз болои фарш мегирифтанд. Падарбузургаш Абдулмутталиб мегуфт: Писарамро гузоред.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб