Душанбе 4 Рабиъу-л-охир 1446 - 7 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Оё баъди намози витр намози нофила хондан ҷоиз аст?

20851

Таърихи нашр : 09-05-2020

Мушоҳидаҳо : 6082

Савол

Ман доимо намози таҳаҷҷуд намехонам. Агар намози витрро баъди намози хуфтан хонда бошам, сипас намози таҳаҷҷуд хонданӣ шавам, оё метавонам ин амалро анҷом диҳам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бар шахсе, ки дар аввали шаб ва ё дар нимаи шаб намози витр хондааст, ҷоиз аст, ки баъд аз он намози нафл бихонад. Агарчӣ мустаҳаб он аст, ки охирoн намози банда дар шаб намози витр бошад. Дар ин ҳолат ин гуна шахс намози витрро дуюм бора намехонад, балки ҳамон намози витре, ки дар аввали шаб хонда буд, барояш басанда аст.

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

"Охирон намозатонро дар шаб витр бигардонед".   Ривояти Бухорӣ (998) ва Муслим (749).

Аз Талқ ибни Алӣ ривоят шудааст, ки гуфт: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро  шунидам, ки мегуфт: "Дар як шаб ду намози витр нест".   Ривояти Тирмизӣ (470) ва Насоӣ (1679) ва Абудовуд (1439). Шайх Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (7567) саҳеҳ шуморидааст.

Ибни Ҳазм дар китоби "Ал-Муҳалло" (2/92, 93) гуфтааст:

Намози витрро дар охири шаб хондан афзалтар аст ва аммо шахсе, ки онро дар аввали шаб хонад, низ кори хуб кардааст. Баъд аз намози витр намози нафл хондан ҷоиз аст. Дар ин сурат намози витрро бори дигар намехондад. Поёни сухан.

Нававӣ дар китоби "Ал-Маҷмуъ" (3/512) гуфтааст:

Агар касе намози витрро хонад ва баъд аз он хоҳад, ки дар шаб намози нафл ва ё намози дигаре гузорад, раво бошад ва ҳеҷ кароҳияте надорад ва намози витрро бори дигар намехондад.

Далели ин гуфтаҳо, ҳадиси Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аст, ки ӯ чигунагии намози витри расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, дар ҷавоб гуфт: "Мо мисвок ва оби таҳорати ӯро омода мекардем. Ба изни Аллоҳ шабона бедор мешуд ва даҳонашро мисвок намуда, вузӯ мегирифт ва сипас, нӯҳ ракъат намоз мехонд. Дар ин нӯҳ ракъат танҳо баъди ракъати ҳаштум нишаста, Аллоҳро зикру мекарду бар Ӯ ҳамду сано мехонд ва дуо мекард. Сипас салом надода, аз ҷояш боло мешуд ва ракъати нӯҳумро мехонд. Баъд аз он менишасту   Аллоҳро зикр мекард ва бар Ӯ ҳамду сано хонда, дуо мекард. Сипас тарзе салом медод, ки мо мешунидем ва баъди салом додан, дар ҳолати нишаста, ду ракъати дигар намоз мехонд".   Ривояти Муслим.

Ин ҳадис ҷузъе аз ҳадиси дароз  буда, далолат бар он мекунад, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баъд аз намози витр ду ракъат намоз мехонд ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки баъд аз намози витр намоз хондан ҷоиз аст. Поёни сухан.

Ба саволҳои  (37729)  ва (38400) нигаред.

         Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб