Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Хилват (ва танҳо) мондани духтур бо ҳамшираи шафқат дар ҳуҷраи муоина

21055

Таърихи нашр : 19-01-2024

Мушоҳидаҳо : 805

Савол

 

Ман дар ҳуҷраи муоина духтур ҳастам ва дар ҳамон ҳуҷра як ҳамшираи шафқат бо ман ҳамроҳӣ мекунад. То омадани бемор мо дар бораи чизҳои гуногун сӯҳбат мекунем. Назари Шариат дар ин бора чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҷоиз нест, ки бародари шафқат ё духтур бо ҳамшираи шафқат ё духтурзан дар ҳуҷраи муоина ё дар ҷои дигар хилват (ва танҳо) бимонад. Зеро ин амал инсонро ба фитна гирифтор мекунад, ба ҷуз касе, ки Аллоҳ ӯро раҳм кардааст. Мардон бояд танҳо аз ҷониби мардон ва занон танҳо аз ҷониби занон муоина шаванд. 

Сарчашма: Китоби "Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа"-и Шайх аллома Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ҷилди 9, саҳифаи 431