Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Барои мусалмон ҷоиз нест, ки бо мушрик дӯст шавад ва ё ӯро дӯст бигирад, зеро Ислом ба тарк кардани кофирон ва безорӣ ҷустан аз онон даъват мекунад, чунки онҳо ғайри Аллоҳ таъолоро мепарастанд.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَوَلَّوۡاْ قَوۡمًا غَضِبَ ٱللهُ عَلَيۡهِمۡ قَدۡ يَئِسُواْ مِنَ ٱلۡأٓخِرَةِ كَمَا يَئِسَ ٱلۡكُفَّارُ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡقُبُورِ
سورة الممتحنة: ١٣
«Эй касоне, ки имон овардаед, бо қавме, ки Аллоҳ бар онҳо хашм гирифтааст, дӯстӣ макунед. Онҳо аз охират ноумеданд, ҳамчунон ки кофирон аз гӯрхуфтагон ноумеданд». (Сураи Мумтаҳана: 13).
Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) низ ба ин чиз роҳнамоӣ намудааст:
1. Аз Абусаиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки ӯ аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мефармуд: «Ҷуз бо мӯъмин дӯстиву ҳамнишинӣ макун. Ғизоятро ҷуз парҳезгор нахӯрад». Ривояти Тирмизӣ (2395) ва Абудовуд (4832). Абуисои Тирмизӣ гуфтааст: Ин ҳадиси ҳасан аст. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тирмизӣ" (2519) ҳасан донистааст.
Абуисои Хаттобӣ гуфтааст: Балки аз муошират бо касе, ки парҳезгор нест, ҳушдор дода, аз омехта шудан бо ӯ ва хӯрок хӯрдан бо ӯ манъ намудааст, зеро хӯрокхӯрӣ бо шахс дар қалб дӯстиву муҳаббатро эҷод мекунад.
Мегӯяд: Бо касе, ки аҳли тақвову зуҳд нест, дӯстӣ макун. Ӯро ҳамнишини худ қарор мадеҳ, ки бо ҳамроҳи ӯ бихӯриву бинӯшӣ. "Маъолиму-с-сунан" / Ҳошияи "Мухтасару сунани Абидовуд" (7/185, 186).
2. Аз Самура ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Бо мушрикон зиндагӣ макунед ва бо онҳо ҷамъ нашавед. Ҳар кас бо онҳо зиндагӣ бикунад ва ё бо онҳо ҷамъ бишавад, аз мо нест». Ривояти Байҳақӣ (9/142) ва Ҳоким (2/154). Ҳоким гуфтааст: Саҳеҳ бар шарти Бухорӣ аст. Ин ҳадисро Албонӣ дар "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (2/229) бо шоҳидҳояш саҳеҳ донистааст.
Аммо ба хотири мусалмон шуданашон бо онҳо муомилаи некӯ кардан ҷоиз аст.
Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Як писараки яҳудие ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хизмат мекард. Ӯ бемор шуд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба аёдати ӯ омад. Дар назди сараш нишаста гуфт: «Мусулмон шав». Писарак ба падараш, ки бо ҳамроҳи ӯ буд, нигарист. Падараш ба ӯ гуфт: Абулқосим (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро итоат намо. Пас ӯ мусалмон шуд. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) берун баромада гуфт: «Ситоиш Аллоҳро, ки ӯро аз дӯзах наҷот дод». Ривояти Бухорӣ: 1290.
Аллоҳ донотар аст.