Шанбе 29 Ҷумода-л-уло 1446 - 30 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё касоне, ки тӯъмаи наҳангҳо шудаанд, аз ҷумлаи шаҳидон ба ҳисоб мераванд?

217299

Таърихи нашр : 25-11-2024

Мушоҳидаҳо : 260

Савол

Дар ҳадисҳо баъзе навъҳои шаҳидон зикр шудаанд, аз ҷумла касоне, ки ҳайвоноти дарранда онҳоро хӯрдаанд ва касоне ки ғарқ шудаанд. Оё касе, ки моҳиҳо, масалан наҳанг ӯро бихӯрад, ба ду тоифаи боло (касоне, ки ҳайвоноти дарранда онҳоро хӯрдаанд – касоне ки ғарқ шудаанд) дохил мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Ғарқ шудан шаҳодат аст, зеро Бухорӣ (2829) ва Муслим (1914) аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

«Шаҳидон панҷ тоифаанд: Касе ки бар асари вабо бимирад, касе ки бар асари дарди шикам бимирад, касе ки дар об ғарқ шавад, касе ки бар асари харобу вайрон шудани чизе фавт шавад ва касе ки дар роҳи Аллоҳ шаҳид гардад».

Дуввум:

Умед аст, касе ки ҳайвони дарранда ӯро хӯрдааст, аз ҷумлаи шаҳидон бошад.

Ҳофиз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:

Дар китоби Табаронӣ аз Ибни Масъуд ҳадисе бо санади саҳеҳ омадааст: «Ҳар кас аз болои кӯҳҳо бияфтад ё ҳайвоноти дарранда ӯро бихӯранд ё дар баҳрҳо ғарқ шавад, дар назди Аллоҳ шаҳид аст».

Поёни сухан аз китоби “Фатҳу-л-борӣ” (6/44).

Саввум:

Наҳанг дандони шикорӣ дорад, ки бо он шикор мекунад, аз ин рӯ, ин моҳӣ дарранда аст, аммо даррандаи баҳрӣ аст.

Умед аст, касе ки наҳанг ӯро хӯрдааст, аз ҷумлаи шаҳидон бошад.

Агар мусулмон қабл аз ҳамлаи наҳангҳо ғарқ шуда бимирад ва ё бар асари ҳамлаи наҳангҳо бимирад, дар ҳарду ҳолат шаҳид ҳисобида мешавад, иншоаллоҳ.

Аммо агар касе бимирад ва сипас ӯро ба баҳр партоянд ва ӯро наҳанг бихӯрад, аз ҷумлаи шаҳидон ба ҳисоб намеравад.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб