Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дараҷаи ҳадиси «Аз дунёи шумо занон ва хушбӯиро дӯст медорам» чӣ гуна мебошад?

21883

Таърихи нашр : 05-10-2020

Мушоҳидаҳо : 2302

Савол

Дараҷаи ҳадиси «Аз дунёи шумо занон ва хушбӯиро дӯст медорам ва рӯшании чашмам дар намоз қарор дода шуд» чӣ гуна мебошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ин ҳадис саҳеҳ аст.

Насоӣ (3939) ин ҳадисро аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст.

Ҳоким (2/174) ин ҳадисро саҳеҳ донистааст. Заҳабӣ бар он мувофиқат кардааст. Ҳофиз ибни Ҳаҷар ин ҳадисро дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (3/15) ва (11/345) саҳеҳ донистааст.

Сарчашма: Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид