Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Баъзе аз суннатҳои рӯза, ки барои рӯзадор муҳофизат кардани он мустаҳаб мебошад.

Савол

Суннатҳои рӯза кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Рӯза аз бузургтарин ибодатҳост. Аҷру савоби рӯзадори боихлосро танҳо Аллоҳ медонад. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Аллоҳ таъоло фармудааст: "Ҳар як амали фарзанди одам барои ӯст, ба ҷуз рӯза, ки барои Ман аст ва Ман мукофоти онро медиҳам".   Ривояти Бухорӣ (1904) ва Муслим (1151)

Рӯзаи Рамазон рукне аз рукнҳои дин аст, ки бояд мусулмон бар рӯзааш муҳофизат кунад ва новобаста аз он, ки рӯзаи фарзӣ аст ё нафлӣ эҳтиёт намояд, то ин ки Аллоҳ мукофоти олиеро барои ӯ ато кунад.

Рӯза суннатҳои зиёде дорад. Ин ҷо ба чанде аз он ишора хоҳем кард:

Аввал:

Агар бандаи рӯзадореро касе дашном диҳад, ё бо ӯ ситеза кунад, бар ӯ суннат аст, ки дар муқобили бадӣ бо накӯӣ посух диҳад ва бигӯяд: Ман рӯзадорам.

Дуввум:

Саҳарихӯрӣ барои рӯзадор суннат аст, зеро саҳарихӯрӣ барака аст.

Саввум:

Зуд ифтор намудан ва дер саҳархӯрӣ кардан суннат аст.

Чаҳорум:

Суннат аст, ки бо рутаб (хурмои тар) ифтори худро оғоз намояд, агар онро пайдо накунад, бо тамр (хурмои хушк) ифтори худро шрӯъ кунад, агар онро ҳам пайдо накунад, бо об ифтори худро оғоз намояд.

Панҷум:

Барои рӯзадор мустаҳаб аст, ки ҳангоми ифтор дуои зеринро бигӯяд:

ذَهَبَ الظَّمَأُ، وَابْتَلَّتِ الْعُرُوقُ، وَثَبَتَ الْأَجْرُ إِنْ شَاءَ اللَّهُ

 "Заҳаба-з-замаъу ва-б-таллати-л-ъуруқу ва сабата-л-аҷру иншоаллоҳ".

(Ташнагӣ рафт, рагҳо тар гардид, агар Аллоҳ хоста бошад, мукофот сабт гардид).

Барои ошноӣ бо далелҳои ворид шуда ба масъалаҳои мазкур, ба ҷавоби саволи рақами (39462) нигаред.

Шашум:

Барои рӯзадор бисёр дуо кардан мустаҳаб аст. Чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Дуои се гурӯҳ рад карда намешавад. Дуои пешвои одил, дуои рӯзадор то ин ки ифтор кунад ва дуои мазлум".   Ривояти Аҳмад (8043). Муҳаққиқони "Муснад" ин ҳадисро бо ҳамаи туруқ ва шавоҳиди он саҳеҳ номидаанд.

 

Нававӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Барои рӯзадор мустаҳаб аст, ки дар ҳоли рӯзадорӣ муҳимтарин хостаҳои ухравӣ ва дунявиро барои худ ва барои касоне, ки онҳоро дӯст медорад ва барои мусулмонон дуо кунад". Поёни сухан аз китоби "Ал-Маҷмуъ" (6/375).
Ҳафтум:

Оиди рӯзаи Рамазон, амалҳои зерин мустаҳаб аст:

- Нишастан дар масҷид ба хотири тиловати Қуръон ва зикри Аллоҳ.

- Эътикоф дар даҳаи охири Рамазон.

- Намози таровеҳ.

- Бисёр садақа кардан ва зиёд иҷро намудани амалҳои хайр.

- Мудорасаи Қуръон.

Бухорӣ (6) ва Муслим (2308) аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфтааст: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саховатмандтарини мардум буд ва беш аз ҳама дар Рамазон ҳангоме, ки Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо ӯ дидор мекард, саховатмандтар мегардид. Ҷабраил (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳар шаби Рамазон бо ӯ дидор мекард ва бо ӯ Қуръонро мудораса мекард. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) (дар моҳи Рамазон) аз боди вазанда низ саховатмандтар буд".

- Рӯзадор вақти худро бо корҳои беҳудаву бефоида нагузаронад, зеро хоби зиёд, шӯхии зиёд ва ингуна амалҳо ба рӯзааш таъсир хоҳад гузошт. Инчунин тамоми фикру хаёлашро ба хӯрдани хӯрокҳову нӯшокиҳои рангоганг банд насозад, зеро ин гуна хаёлот ӯро аз бисёр корҳои нек дар айёми рӯзадорӣ боз медорад.

Барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (12468) ва (26869) нгаред.

Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб