Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ҳоли мусулмон дар Рамазон

Савол

Ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон барои мусулмонон чӣ гуфтание доред?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

   البقرة / 185

"Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ки ҳидоят барои мардум ва далоили ошкоре аз ҳидоят ва ҷудокунанда (-и ҳақу ботил) аст. Пас ҳар касе аз шумо ин моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза бидорад ва ҳар ки бемор ё дар сафар бошад, метавонад дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Аллоҳ таъоло барои шумо осонӣ мехоҳад ва душворӣ намехоҳад, то рӯзҳои Рамазонро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед, бошад, ки шукр гузоред".   (Сураи Бақара: 185).

Ин моҳи муборак мавсими бузургест барои ба даст овардани хайру баракат ва тоату ибодат.

Ин моҳи бузург ва мавсими арзишманд аст. Моҳест ки некиҳо дар он дучанд мешаванд ва ба бадиҳо иқоби бузургтар дода мешавад. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт боз мегарданд ва дарҳои дӯзах баста мешаванд. Дар он тавбаи гунаҳкорону бадкорон қабул карда мешавад.

Пас, ба он неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ додааст, шукр кунед ва инчунин барои мавсими хайру баракате, ки ба шумо ато кардааст ва барои васоили фазл ва неъматҳои бузурге, ки ба шумо баргузидааст, шукргузорӣ кунед. Ин вақтҳои шарофатманд ва мавсимҳои беҳтаринро бо анҷоми тоатҳо ва тарки ҳаромҳо ғанимат гиред, хушиҳои ҳаётро ба даст меоред ва баъд аз марг саодатманд мешавед.

Барои мӯъмини содиқ тамоми моҳҳо мавсимҳои ибодат ва тамоми умр мавсими тоат аст. Аммо дар моҳи Рамазон ҳиммати ӯ барои ба даст овардани хайру некӣ дучанд мешавад ва қалби ӯ барои анҷом додани ибодат фаолтар мешавад. Ӯ ба сӯи Парвардигори худ рӯй меоварад. Парвардигори Карим (саховатманд)-и мо, барои мӯъминони рӯзадор аз саховату карами хеш лутфу марҳамат кардааст ва дар ин мақоми пурарзиш савобро дучанд намудааст ва бахшоиш ва подоши фаровонеро бар амалҳои солеҳ ато кардааст.

Ин шаб ба шаби гузашта монанд аст ..

Ин рӯзҳо хеле зуд мегузаранд, гӯё чанд лаҳзае бошанд. Воқеан Рамазонро пешвоз гирифта ва сипас бо он хайру хуш карда будем. Ва муддати кӯтоҳе гузашт ва боз Рамазонро бори дигар пешвоз гирифта истодаем. Бар мо лозим аст, ки барои анҷоми амалҳои солеҳ дар ин моҳи бузург шитоб намоем ва кӯшиш намуда онро бо амалҳое, ки аз он Аллоҳ розӣ аст ва моро дар рӯзи мулоқот бо Ӯ хушбахт мегардонад, гузаронем.

Чӣ гуна барои Рамазон омодагӣ бубинем?

Омодагӣ ба Рамазон бо ҳисобу китоби нафс бар кӯтоҳиҳояш дар таҳқиқ намудани калимаи шаҳодат ва ё тақсиру кӯтоҳӣ дар воҷибҳо ва ва ё тақсиру кӯтоҳӣ дар тарк накардани шаҳватҳову шубҳаҳо аст.

Банда рафтори худро ислоҳ ва беҳтар кунад, то дар Рамазон ба дараҷаи баланди имон даст ёбад. Имон зиёду кам мешавад. Имон бо тоат зиёд мешавад ва бо гуноҳу маъсият кам мешавад. Аввалин тоате, ки бояд банда онро амалӣ намояд, ин таҳқиқи бандагӣ танҳо барои Аллоҳ ва дониста бошад, ки маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад. Ҳамаи намудҳои ибодатро танҳо барои Аллоҳ анҷом диҳад ва ҳеҷ касеро дар ибодати Ӯ шарик насозад. Ҳар яке аз мо бояд яқин дошта бошад, ки он чи ки ба ӯ расид, ӯро хато карданӣ набуд ва он чи ки ба ӯ нарасид, ба ӯ расиданӣ набуд. (яъне ончӣ ки бояд ба ӯ бирасад, ҳатман расиданӣ аст ва ончӣ ки бояд ба ӯ нарасад, ҳатман намерасад). Ҳама чиз дар тақдир навишта шудааст.

Аз ҳар амале, ки бар зидди калимаи шаҳодат аст, ба воситаи дурӣ аз бидъатҳову навоварӣ дар дин, бояд худдорӣ кард. Бар амалӣ намудани ақидаи вало (дӯстӣ) ва баро (душманӣ), мӯъминонро ба худ дӯст гирем ва бо кофирону мунофиқон душманӣ намоем ва ба ғалабаи  мусулмонон алайҳи душман шодмон шавем ва ба паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони ӯ пайравӣ намоем ва ба суннат ва роҳу равиши паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва хулафои рошидине, ки баъди ӯ аз ҷумлаи роҳнамоён буданд, чанг зада амал кунем ва он (суннат)-ро дӯст дорем ва касеро, ки онро пайравӣ мекунад ва аз он дифоъ мекунад, дар кадом гӯшаву канори замин бошад ва кадом ранге, ки дошта бошад ва шаҳрванди куҷое, ки бошад, дӯст дорем.

Баъд аз он нафсҳоямонро бар кӯтоҳиҳо, дар анҷом додани тоатҳо, ба монанди кӯтоҳӣ дар адо намудани намозҳои ҷамоат, зикри Аллоҳ таъоло, адо намудани ҳақуқи ҳамсоягону хешовандону мусулмонон, салом додан ба ҳамдигар, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, васият ба ҳақ, сабр бар он, сабр аз анҷом додани мункарот ва сабр бар иҷро кардани тоатҳо ва сабр бар тақдирҳои Аллоҳ таъоло, ҳисобу китоб намоем.

Ҳисобу китоб намудан бар маъсиятҳо ва пайравии шаҳватҳо бо манъ намудани нафсҳои худ аз давом додани он анҷом дода мешавад, кадом маъсияте набошад, хоҳ хурд бошад, ё бузург, хоҳ бо чашм назар намудан ба чизҳои ҳаром кардаи Аллоҳ бошад, ё бо гӯш шунидани мусиқӣ бошад, ё бо пой рафтан ба ҷойҳое, ки Аллоҳ аз он розӣ нест, ё бо даст ламс кардани чизҳое, ки Аллоҳ аз он розӣ нест, ё бо хӯрдани ҳаром бошад, ба монанди судхӯрӣ ва порахӯрӣ ва ғайр аз он, чизҳое ки аз боби хӯрдани амволи мардум ноҳақона ба шумор раванд.

Бояд дар пеши назарамон бошад, ки Аллоҳ таъоло дасташро рӯзона боз мекунад, то тавбаи бадкори шабро бипазирад ва дасташро шабона боз мекунад, то тавбаи бадкори рӯзро қабул намояд. Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَسَارِعُوا إِلَىٰ مَغْفِرَةٍ مِّن رَّبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ . الَّذِينَ يُنفِقُونَ فِي السَّرَّاءِ وَالضَّرَّاءِ وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ . وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللَّهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ وَمَن يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللَّهُ وَلَمْ يُصِرُّوا عَلَىٰ مَا فَعَلُوا وَهُمْ يَعْلَمُونَ . أُولَٰئِكَ جَزَاؤُهُم مَّغْفِرَةٌ مِّن رَّبِّهِمْ وَجَنَّاتٌ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَنِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ

 "Ба сӯи бахшиши Парвардигоратон ва ҷаннате, ки паҳнии он ба андозаи осмонҳову замин аст, биштобед, зеро он барои парҳезгорон омода гардидааст. Онҳое, ки дар ҳоли тавонгарӣ ва тангдастӣ нафақа мекунанд ва онҳое, ки хашмашонро фурӯ мебаранд ва аз мардум дармегузаранд. Ва Аллоҳ накӯкоронро дӯст медорад. Ва онҳое, ки чун кори фаҳш анҷом додаанд ё ба нафсашон зулм намуданд, Аллоҳро ба ёд меоранду барои гуноҳашон истиғфор мепурсанд. Кист, ки гуноҳонро ба ҷуз Аллоҳ бубахшад? Ва дар гуноҳоне, ки мекарданд, исрор намеварзанд, дар ҳоле, ки медонанд (гунаҳкоранд ва Аллоҳ таъоло бахшоянда ва тавбапазир аст). Мукофоти онҳо мағфират аз ҷониби Парвардигорашон ва ҷаннатҳоест, ки дар зери (дарахтони) он дарёҳо ҷорӣ аст. Онҳо дар он ҷаннатҳо абадӣ мемонанд. Ин қадар хуб аст мукофоти амалкунандагон".   (Сураи Оли Имрон: 133-136)

Аллоҳ таъоло фармудааст:

قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَىٰ أَنفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِن رَّحْمَةِ اللَّهِ  إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا  إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ

 "(Эй паёмбар) Ба бандагонам, ки (дар иртикоби гуноҳон) зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: Аз раҳмати Аллоҳ ноумед набошед. Албатта Аллоҳ тамоми гуноҳонро мебахшад, зеро Аллоҳ бахшандаву меҳрубон аст".   (Сураи Зумар: 53).

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَن يَعْمَلْ سُوءًا أَوْ يَظْلِمْ نَفْسَهُ ثُمَّ يَسْتَغْفِرِ اللَّهَ يَجِدِ اللَّهَ غَفُورًا رَّحِيمًا

"Ва ҳар ки амали бадеро анҷом диҳад ё ба худ зулм кунад, сипас аз Аллоҳ таъоло омурзиш бихоҳад, Аллоҳро омурзандаи меҳрубон хоҳад ёфт".   (Сураи Нисо: 110).

Бо ин гуна ҳисобу китоб ва тавбаву истиғфор, бояд Рамазонро пешвоз гирем. "Зирак шахсест, ки нафси худро мухосаба кунад ва барои баъди марг амал кунад. Оҷиз касест, ки ҳавову ҳаваси нафсашро пайравӣ кунад ва ва аз Аллоҳ орзуҳоеро таманно намояд".

Моҳи Рамазон моҳи ғанимат ва фоидаҳост. Савдогари моҳир мавсимҳоро ғанимат мегирад, то ин ки фоидаҳои зиёдеро ба даст оварад. Пас, ин моҳро бо ибодат ва намози зиёд, қироати Қуръон, гузашт кардан аз мардум, некӣ ба дигарон, садақа ба фақирон ғанимат шуморед.

Дар моҳи Рамазон дарҳои ҷаннат кушода ва дарҳои дӯзах баста мегардад ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд. Нидокунандае ҳар шаб нидо карда мегӯяд: Эй талабгори хайру некӣ, боз ой ва эй талабгори шарру бадӣ, дасткӯтоҳ бош!

Эй бандагони Аллоҳ, аз аҳли хайр бошед, дар накӯкорӣ ба гузаштагони солеҳи худ пайравӣ кунед ва ба роҳу равиш ва суннати паёмбаратон (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) биравед, то ин ки аз Рамазон бо гуноҳи бахшида ва бо амали солеҳи қабулшуда бароем.

Бидонед, ки моҳи Рамазон беҳтарини моҳҳост.

Ибни Қаййим гуфтааст: "Намунаи дигари он, яъне бартарӣ байни чизҳое, ки Аллоҳ таъоло офаридааст, ин он аст, ки Рамазон нисбати дигар моҳҳо фазилати бештар дорад ва даҳаи охири Рамазон нисбати дигар шабҳои сол фазилати бештар дорад". Поёни сухан аз китоби "Зод-ул-маод" (1/56).

Ин моҳ аз дигар моҳҳо бо чаҳор чиз бартар гардонида шудааст:

Аввал:

Дар ин моҳ беҳтарин шабе аз шабҳои сол қарор дорад, ки он шаби қадр мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ . وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ . لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ . تَنَزَّلُ الْمَلائِكَةُ وَاالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ . سَلامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ

  القدر / 1-5

 "Албатта мо он (Қуръон)-ро дар шаби қадр нозил кардем. Ва ту чӣ донӣ шаби қадр чист? Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб бо фармони Парвардигорашон барои (анҷоми) ҳар коре ба замин мефароянд. (Он шаб) То дамидани субҳ саломат (ва раҳмат) аст".   (Сураи Қадр).

Ибодати ин шаб, аз ибодати ҳазор моҳина беҳтар аст.

Дуввум:

Дар ин моҳ беҳтарини китобҳо ба беҳтарини паёмбарон (дуруди Аллоҳ бар онҳо бод) нозил шудааст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدىً لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ

   البقرة / 185

"Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он нозил шудааст, ки ҳидоят барои мардум ва далоили ошкоре аз ҳидоят ва ҷудокунанда (-и ҳаққу ботил) аст".   (Сураи Бақара: 185).

Инчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

 إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ إِنَّا كُنَّا مُنْذِرِينَ . فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ . أَمْرًا مِّنْ عِندِنَا  إِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ

  الدخان / 3-5 .

"Албатта Мо он (Қуръон)-ро дар шаби муборак нозил кардем. Бешак Мо бимдиҳанда будаем. Дар он шаб ҳар як амри боҳикмат муқаррар мешавад. Амр аз ҷониби Мост. Албатта Мо фиристандаи он будем".   (Сураи Духон: 3-5).

Аҳмад ва Табаронӣ дар "Муъҷаму-л-кабир" аз Восила ибни Асқаъ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки гуфтааст: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Саҳифаҳои Иброҳим дар нахустин шаби Рамазон нозил шудааст. Таврот дар шашуми моҳи Рамазон, Инҷил дар сенздаҳуми моҳи Рамазон, Забур дар ҳаждаҳуми Рамазон ва Қуръон дар бисту чаҳоруми моҳи Рамазон нозил шудааст".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Силсилату-с-саҳиҳа" (1575) ҳасан хондааст.

Саввум:

Дар ин моҳ дарҳои ҷаннат боз мегардад, дарҳои ҷаҳаннам баста мешавад ва шайтонҳо занҷирбанд мегарданд.

Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳаргоҳ Рамазон ояд, дарҳои биҳишт боз мегардад ва дарҳои дӯзах баста мешавад ва шайтонҳо занҷирбанд мегарданд".   Муттафақун алайҳ, (яъне ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Насоӣ аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардааст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Ҳаргоҳ Рамазон ояд, дарҳои раҳмат кушода мешавад ва дарҳои дӯзах баста мешавад ва шайтонҳо занҷирбанд мегарданд".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (471) ҳадиси саҳеҳ шуморидааст.

Тирмизӣ ва Ибни Моҷа аз Ибни Хузайма ривоят кардаанд: "Ҳар гоҳ аввалин шаби моҳи Рамазон фаро расад, шайтонҳо ва ҷинҳои саркаш занҷирбанд карда мешаванд. Дарҳои дӯзах баста мешавад, ягон дари дӯзах кушода намешавад. Дарҳои ҷаннат кушода мешавад, ягон дари биҳишт баста намегардад. Нидокунандае нидо мекунад: Эй талабгори хайру некӣ, боз ой ва эй талабгори шарру бадӣ, дасткӯтоҳ бош! Аллоҳ ҳар шаби Рамазон чандин нафарро аз оташи дӯзах озод мегардонад. Аллоҳ таъоло дар ҳар шаб (яъне, дар Рамазон) озодшудагоне дорад".   Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (759) ҳасан шуморидааст.

Агар пурсанд: Чӣ гуна бадиву маъсиятҳоро мебинем, ки дар Рамазон зиёд ба вуқӯъ мепайвандад, агар шайтонҳо занҷирбанд карда мешуданд, он воқеъ намешуд?

Ҷавоб: Аз ҷониби онҳое, ки шартҳои рӯзаро анҷом дода, одоби онро риоя мекунанд, бадиҳо кам ба назар мерасад.

Ё ин ки баъзе аз шайтонҳои саркаш занҷирбанд карда мешаванд, на ҳамаашон.

Ё ин ки мақсад аз он кам шудани бадиҳо дар ин моҳ аст, ки ин чиз дар ин моҳ эҳсос карда мешавад. Зеро бадиҳо нисбат ба дигар моҳҳо камтар воқеъ мешаванд. Гарчанде ки ҳамаи шайтонҳо занҷирбанд карда шаванд, бадиву маъсият воқеъ мешавад, чунки ба ҷуз шайтонҳо сабабҳои дигаре вуҷуд доранд, ба монанди нафсҳои нопок, одатҳои бад ва шайтонҳои инсӣ (ки аз ҷониби онҳо бадиву маъсият воқеъ мешавад).   "Ал-фатҳ" (4/145).

Чаҳорум:

Дар он моҳ ибодатҳои зиёде вуҷуд дорад, ки баъзеи он ибодатҳо дар дигар моҳҳо вуҷуд надоранд, ба монанди рӯза, шабзиндадорӣ, таом додан, эътикоф, садақа, қироати Қуръон.

Аз Аллоҳи олимақому бузург мепурсам, ки ҳамаи моро ба он тавфиқ бидиҳад ва моро ба рӯзаву шабзиндадорӣ ва анҷоми тоатҳо ва тарки бадиҳо кӯмак намояд.

Ҳамду сипос барои Аллоҳ, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб