Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Бархе аз суннатҳои рӯза

Савол

Суннатҳои рӯза чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Суннатҳои рӯза зиёд аст, аз ҷумла:

Аввал:

Суннат аст, ки агар касе ӯро дашном бидиҳад ва ё бо ӯ даргир шавад, ба бадии ӯ бо некӯӣ ҷавоб гардонад ва бигӯяд, ки ман рӯзадор ҳастам, зеро Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Рӯза сипар аст, пас набояд (рӯзадор дар он рӯз) носазогӯӣ кунад ва амалҳои ҷоҳилонаро анҷом бидиҳад. Ва агар марде бо ӯ даргир шавад ва ё ӯро дашном бидиҳад, бояд бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам, ду маротиба. Қасам ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, бӯи даҳони рӯзадор дар назди Аллоҳ таъоло аз бӯи мушк хуштар аст. Хӯроку нӯшокӣ ва шаҳвати худро ба хотири Ман тарк мекунад. Рӯза барои Ман аст ва Ман мукофоти онро медиҳам ва ба ҳар некӯӣ даҳ баробар савоб дода мешавад».   Ривояти Бухорӣ (1894) ва Муслим(1151).

Дуввум:

Саҳарихӯрӣ барои рӯзадор суннат аст, зеро дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ ва "Саҳиҳ"-и Муслим аз Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Саҳарихӯрӣ бикунед, чунки дар саҳарихӯрӣ барака аст».   Ривояти Бухорӣ (1923) ва Муслим (1095).

Саввум:

Дер саҳархӯрӣ кардан суннат аст, зеро Бухорӣ аз Анас аз Зайд ибни Собит ривоят кардааст, ки гуфт: Бо ҳамроҳи паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) саҳарихӯрӣ кардем ва сипас ӯ ба намоз бархост. Гуфтам: Миёни азону саҳарихӯрӣ чанд қадар буд? Дар ҷавоб гуфт: Ба андозаи тиловати панҷоҳ оят буд.   Ривояти Бухорӣ (1921).

Чаҳорум:

Зуд ифтор намудан суннат аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Мардум дар хайру хубӣ ҳастанд, то замоне ки дар ифтор кардан шитоб бикунанд (яъне дар аввали вақт ифтор бикунанд)».   Ривояти Бухорӣ (рақами 1957) ва Муслим (рақами 1098).

Панҷум:

Суннат аст, ки бо рутаб (хурмои тар) ифтори худро оғоз намояд, агар онро пайдо накунад, бо тамр (хурмои хушк) ифтори худро шурӯъ кунад, агар онро ҳам пайдо накунад, бо об ифтори худро оғоз намояд, зеро дар ҳадиси Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омадааст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пеш аз он ки намози шомро бихонад, бо чанд рутаб (хурмои тару тоза) ифтор мекард ва агар рутаб набошад, бо чанд тамр (хурмои хушк) ва агар тамр ҳам набошад, бо ҷуръаи об ифтор менамуд.   Ривояти Абудовуд (рақами 2356) ва Тирмизӣ (696). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Ирво" (4/45) ҳасан донистааст.

Шашум:

Суннат аст, ки ҳангоми ифтор зикрҳои воридшударо бихонад. Аз ҷумлаи зикрҳое, ки дар ин бора ворид шудааст, ин "Бисмиллоҳ" мебошад, ки бар асоси дидгоҳи саҳеҳ воҷиб аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба он амр намудааст.

Инчунин дуои зерин ворид шудааст:

 اللهُمَّ لَكَ صُمتُ وَعَلى رِزقِكَ أفطَرتُ، الَّلهُمَّ تَقَبَّلْ مِنِّي إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ 

"Аллоҳумма лака сумту ва ъало ризқика афтарту. Аллоҳумма тақаббал миннӣ, иннака анта-с-самиъу-л-ъалим".

(Эй Аллоҳ! Бароят рӯза гирифтам ва бар ризқат ифтор намудам. Эй Аллоҳ! Аз ман қабул намо, ҳамоно Ту шунавою биноӣ).

Аммо ин ривоят заиф аст, чуноне ки Ибни Қайим заиф будани онро дар китоби "Зоду-л-маъод" (2/51) баён кардааст.

Ҳамчунин дуои зерин ворид шудааст:

 ذَهَبَ الظَّمَأُ، وَابْتَلَّتِ الْعُرُوقُ، وَثَبَتَ الْأَجْرُ إِنْ شَاءَ اللهُ 

 "Заҳаба-з-замаъу ва-б-таллати-л-ъуруқу ва сабата-л-аҷру иншоаллоҳ".

(Ташнагӣ рафт, рагҳо тар гардид, агар Аллоҳ хоста бошад, мукофот сабт гардид).   Ривояти Абудовуд (2357) ва Байҳақӣ (4/239). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Ал-Ирво" (4/39) ҳасан донистааст.

Ҳадисҳое дар фазилати дуои рӯзадор ворид шудаанд, аз ҷумла:

1. Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Се дуо рад намешавад. Дуои падар, дуои рӯзадор ва дуои мусофир».   Ривояти Байҳақӣ (3/345). Албонӣ ин ҳадисро дар "Ассилсилату-с-саҳиҳа" (1797) саҳеҳ донистааст.

2. Аз Абуумома ба таври марфуъ ривоят шудааст: «Аллоҳ ҳангоми ҳар ифтор озодшудагоне дорад».   Ривояти Аҳмад (21698). Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тарғиб" (1/491) саҳеҳ донистааст.

3. Аз Абусаиди Худрӣ ба таври марфуъ ривоят шудааст: «Аллоҳ таъоло дар ҳар рӯзу шаб - яъне, дар Рамазон - озодшудагоне дорад. Ҳар мусулмоне дар ҳар рӯзу шаби Рамазон дуои мустаҷоб дорад».   Ривояти Баззор. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу-т-тарғиб" (1/491) саҳеҳ шуморидааст.

Лутфан ба саволҳои зерин руҷӯъ кунед: (13999 , 14103 ).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб