Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Зикри номи баъзе олимони илми таҷвид ва таълифоти онон дар ин илм.

223596

Таърихи нашр : 18-06-2020

Мушоҳидаҳо : 1694

Савол

Хоҳиш мекунам, ки номи баъзе олимони мӯътабари Қуръон, ки дорои ақидаи дурустанд ва инчунин номҳои китобҳое, ки дар илми таҷвид таълиф кардаанд, зикр намоед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Ҳеҷ шубҳае нест, ки донистани аҳкоми таҷвид, яке аз илмҳои фоиданоки шаръӣ ба ҳисоб меравад. Ин аз он сабаб аст, ки илми таҷвид ба беҳтарин ва асоситарини илмҳо, ки Қуръон аст, алоқаманд мебошад. Бо илми таҷвид, нутқи ҳарфҳо дуруст гашта, хонандаи Қуръон аз хатогиву лаҳн эмин хоҳад монд ва инчунин бо он қироат зебо шуда, инсон пайрави аҳли Қуръон, ки онҳо аҳли Аллоҳ ва наздикони Ӯ ҳастанд, хоҳад гашт.

Илми таҷвид- илми нақли ривоятҳо ва дурустии хондани онҳо мебошад, ки ба ихтилофи ақидавии фирқаҳо ва илми калом, ягон рабте надорад. Ин илм бояд аз олимони муҳаққиқе омӯхта шавад, ки дар ҷодаи илм бориз гашта, китобҳояшон бо сифати баланду устуворӣ машҳур шудааст.

Инҷо баъзе китобҳоеро, ки дар илми таҷвид навишта шудаанд, бо номи муаллифонашон зикр хоҳем кард:

"Ат-Таҳдиду фи-л-итқони ва-т-таҷвид"-и Имом Абуамр Ад-Донӣ.

"Ан-Нашру фи-л-қироъоти-л-ъашр"-и Имом Шамсуддин Абулхайр ибни Ҷазарӣ.

"Ат-Тамҳиду фи-т-таҷвид"-и Имом Ибни Ҷазарӣ.

"Туҳфату-л-атфол"-и Шайх Сулаймон Ал-Ҷамзурӣ.

"Аҳкому қироати-л-Қуръони-л-Карим"-и Шайх Маҳмуд Халил Ал-Ҳусарӣ.

"Қавоъиду-т-таҷвид"-и Шайх Абдулазиз ибни Абдулфаттоҳ Қорӣ.

"Фатҳу рабби-л-барийяҳ шарҳу-л-муқаддимати-л-ҷазарияҳ"-и Шайх Сафват Маҳмуд Солим.

"Ҳидояту-л-қорӣ литаҷвиди каломи-л-Бoрӣ"-и Шайх Абдулфаттоҳ Ал-Марсафӣ.

"Ат-Тасҳилу фӣ қавоъиди-т-тартил"-и доктор Абдулқайюм Синдӣ.

"Ал-Итқон"-и Шайх Абдуллоҳ ибни Солеҳ Убайд.

"Муъаллиму-т-таҷвид"-и доктор Холид ибни Абдурраҳмон Ал-Ҷурайсӣ.

"Ниҳояту-л-қавли-л-муфид"-и Шайх Муҳаммад Наср Ал-Ҷурайсӣ.

"Ал-Музаккирату фи-т-таҷвид"-и Шайх Муҳаммад Набҳон Мисрӣ.

"Буғяту ибоди-р-Раҳмон"-и Шайх Муҳаммад Шаҳота Ал- Ғул.

"Ғояту-л-муриди фӣ илми-т-таҷвид"-и Шайх Атия Қобил Наср.

"Ал-Ваҷизу фӣ ҳукми таҷвиди-л-китаби-л-ъазиз"-и доктор Муҳаммад Амин.

Барои дарёфти фоида ба ҷавоби саволи рақами (84312) ва (159072) нигаред.

       Аллоҳ таъоло донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб