Душанбе 10 Ҷумода-л-уло 1446 - 11 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Вақти намози зуҳо (чошт)

Савол

 

Вақти муносиби намози "ишроқ" ва намози "зуҳо" кадом вақт аст?

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Фарқияти намози ишроқ ва намози зуҳо

Намози ишроқ ин намози зуҳо аст, ки дар аввали вақташ хонда мешавад ва ду намози гуногун нестанд. Ин намоз ишроқ номида мешавад, зеро пас аз шуруқ (тулӯъ) ва боло шудани офтоб адо карда мешавад.

Шайх Ибни Боз гуфтааст:

"Намози ишроқ ин намози зуҳо аст, ки дар аввали вақташ хонда мешавад".   "Маҷмуъу фатово"-и Шайх Ибни Боз (11/401).

Вақти намози зуҳо кай оғоз мешавад?

Вақти намози зуҳо пас аз тулӯъ ва боло шудани офтоб оғоз ёфта, камтар пеш аз намози пешин ба охир мерасад.
Шайх Ибни Усаймин вақти онро чунин ҳисоб кардааст: Вақти он понздаҳ дақиқа пас аз тулӯи офтоб оғоз шуда, даҳ дақиқа пеш аз намози пешин ба охир мерасад.   (Ашшарҳу-л-мумтиъ 4/122).

Ҳамаи ин муддат вақти намози зуҳо мебошад.

Беҳтарин вақт барои намози зуҳо

Беҳтарин вақт барои ин намоз баъд аз сахт шудани гармии офтоб аст, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

صَلاةُ الأوَّابِينَ حِينَ ترْمَضُ الفِصَالُ

«Намози аввобин (тавбакунандагон, бозгардандагон ба Аллоҳ) ҳангомест, ки бачаи шутур аз гармӣ бетоб мешавад».   Ривояти Муслим (748).

Ал-Фисол: Фарзандони шутур. Маънои "тармазу" гармии офтоб бар он шиддат мекунад.

"Фатово"-и Шайх Ибни Боз (11/395).

Донишмандон миқдори онро ба гузашти аз чаҳор як қисми рӯз муқаддар кардаанд, яъне нисфи вақт байни тулӯи офтоб ва намози пешин.

Ниг: "Ал-Маҷмуъ"-и Нававӣ (4/36) ва "Ал-Мавсуъату-л-фиқиҳияту-л-кувайтия" (27/224).

 Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб