Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Осия ҳамсари фиръавн

23466

Таърихи нашр : 20-07-2022

Мушоҳидаҳо : 2588

Савол

Дар бораи Осия ҳамсари фиръавн маълумот ёфтан ба ман душвор аст. Оё метавонед ба ман каме маълумот бидиҳед. Оё ибодатҳои ӯ барои Аллоҳ таъоло пинҳонӣ буд ва фиръавн аз он хабар надошт?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Оиди зани солеҳа "Осия бинти Мазоҳим" ҳамсари фиръавн, маълумоти зиёде надорем. Тамоми тафсилоте, ки дар бораи ӯ ворид шудааст, аз исроилиёт буда, то ҷое ки медонем, бо насси саҳеҳе собит нашудааст.

Аммо чунин ба назар мерасад - ва боз Аллоҳ таъоло донотар аст - ӯ аз ҷумлаи касоне буд, ки имони худро аз фиръавн пинҳон мекард, сипас сирри ӯ ошкор шуд. Инак баъзе аз ривоятҳое, ки дар бораи ӯ ворид шудаанд, бо шарҳу эзоҳи мухтасар баён хоҳем кард:

1. Аллоҳ таъоло фармудааст:

 وَضَرَبَ اللهُ مَثَلاً لِلَّذِينَ آمَنُوا امْرَأَتَ فِرْعَوْنَ إِذْ قَالَتْ رَبِّ ابْنِ لِي عِنْدَكَ بَيْتاً فِي الْجَنَّةِ وَنَجِّنِي مِنْ فِرْعَوْنَ وَعَمَلِهِ وَنَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ

سورة التحريم: ١١

«Ва Аллоҳ барои касоне, ки имон овардаанд, ҳамсари фиръавнро масал задааст, он гоҳ ки гуфт: "Парвардигоро! Хонае барои ман назди худат дар биҳишт бисоз ва маро аз фиръавн ва кирдораш наҷот бидеҳ ва маро аз қавми ситамгар раҳоӣ бахш"».   (Сураи Таҳрим: 11).

2. Аз Абумусо (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аз миёни мардон бисёр шахсон ба камол расидаанд. Аммо аз занон танҳо Осия ҳамсари фиръавн ва Марям духтари Имрон ба камол расидаанд. Ҳамоно бартарии Оиша бар дигар занон монанди бартарии тарид бар дигар таомҳост».

Ривояти Бухорӣ (3230) ва Муслим (2431).

(Тарид болаззаттарин ва беҳтарин хӯроки араб аст, ки аз нону гӯшт иборат аст).

3. Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯяд: Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) бар рӯи замин чаҳор хат кашид, сипас фармуд: Оё медонед, ки ин чист? Гуфтанд: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Беҳтарини занони биҳишт Хадиҷа духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад, Осия духтари Мазоҳим ҳамсари фиръавн ва Марям духтари Имрон (Аллоҳ аз ҳамаи онҳо хушнуд бод) мебошанд».

Аҳмад (2663) ин ҳадисро ривоят кардааст. Шайх Албонӣ ин ҳадисро дар китоби "Саҳиҳу-л-ҷомиъ" (1135) саҳеҳ донистааст.

4. Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Аз миёни занони ду дунё Марям духтари Имрон, Хадиҷа духтари Хувайлид, Фотима духтари Мухаммад ва Осия ҳамсари фиръавн бароят кофист».

Тирмизӣ (3878) ин ҳадисро ривоят карда ва онро саҳеҳ донистааст.

5. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар гуфтааст:

Аз фазилатҳои Осия ҳамсари фиръавн ин аст, ки ӯ маргро бар шоҳӣ ва азоби дунёро бар неъмате, ки дар он зиндагӣ мекард, ихтиёр кардааст. Ва фаросату басирати ӯ дар мавриди Мӯсо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дуруст буд, онгоҳ ки гуфт: «Равшании чашмам хоҳад буд».

"Фатҳу-л-борӣ" (6/448).

     Аллоҳ донотар аст. 

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб