Якшанбе 23 Ҷумода-л-уло 1446 - 24 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Оё фариштагон ва ҷинҳо мемиранд?

Савол

Оё фариштагон ва ҷинҳо мемиранд? Ва дар куҷо дафн карда мешаванд? Оё бар онҳо намози ҷаноза хонда мешавад? Ҳар кадоме аз онҳо чӣ қадар умр мебинад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

كُلُّ مَنْ عَلَيْهَا فَانٍ ❁ وَيَبْقَى وَجْهُ رَبِّكَ ذُو الْجَلالِ وَالإِكْرَامِ

سورة الرحمن: ٢٦ - ٢٧

«Ҳамаи чизҳо ва ҳамаи касоне, ки бар рӯи замин ҳастанд, фано мегарданд. Ва (танҳо) рӯи бошукӯҳу арҷманди Парвардигорат боқӣ мемонад».   (Сураи Раҳмон: 26 - 27).

Ибни Касир (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Аллоҳ таъоло хабар медиҳад, ки тамоми аҳли замин (аз ин дунё) мераванд ва ҳамаи онҳо мемиранд ва ҳамчунин аҳли осмонҳо мемиранд, магар касе ки Аллоҳ бихоҳад. Ҳеҷ касе боқӣ намемонад, магар чеҳраи карими Ӯ. Парвардигори воломақому пок намемирад, балки Ӯ зиндаест, ки ҳаргиз намемирад".   (Тафсиру-л-қуръони-л-ъазим: 4/273).

Бухорӣ (7383) ва Муслим (2717) аз Ибни Аббос ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфт: «Эй Аллоҳ, ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ҷуз Ту нест, ба иззати Ту паноҳ мебарам, ки мабодо маро гумроҳ кунӣ. Ту ҳамеша зиндаӣ, ки ҳаргиз намемирӣ. Ҷинҳову инсонҳо мемиранд».

Аммо сухани шумо: Дар куҷо дафн карда мешаванд? Оё бар онҳо намози ҷаноза хонда мешавад? Ҳар кадоме аз онҳо чӣ қадар умр мебинад?

Ин аз ҳамон чизест, ки дониши он аз мо пинҳон карда шудааст. Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا أُوتِيتُمْ مِنَ الْعِلْمِ إِلا قَلِيلاً

سورة الإسراء: ٨٥

«Ва ҷуз андаке аз дониш ба шумо дода нашудааст».   (Сураи Исро: 85).

Мусулмон бояд саъю кӯшиш намуда, ҳар он чизеро ки ба сулукаш таъсире дорад, аз қабили шинохти Аллоҳ ва ному сифатони Ӯ, донистани ақида ва аҳкоми шаръӣ ҷустуҷӯ кунад. Дар чизе, ки ба донистани он вазифадор нашудааст ва фоидае надорад, тааммуқу чуқурравӣ нанамояд.

Аз Аллоҳ хоҳонам, ки ба мо илми судманд ва амали солеҳро ато намояд.

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб