Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Дуо дар намози ид

Савол

Кадом дуо дар намози ид хонда мешавад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Мо ягон дуои махсусеро намедонем, ки дар намози ид ё рӯзи ид барои мусулмонон машрӯъ бошад. Вале такбир (Аллоҳу акбар), тасбеҳ (Субҳоналлоҳ), таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) гуфтан барои мусулмонон дар шаби идайн (иди Фитру Азҳо) ва субҳи рӯзи идайн то охири хутбаи иди Фитр ва то охири айёми ташриқ, рӯзи иди Азҳо машрӯъ аст, чуноне ки он дар даҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа низ машрӯъ аст, зеро Аллоҳ таъоло оиди иди Фитр фармудааст:

 وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَاكُم    البقرة / 185

«То шумораи (рӯзҳои Рамазон)-ро комил кунед ва Аллоҳро барои он ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед».   (Сураи Бақара: 185).

Ва инчунин ҳадисҳову асарҳое дар ин маврид ворид шудааст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (8/302)