Якшанбе 5 Раҷаб 1446 - 5 Январ 2025
Тоҷикӣ

Оё падарашро итоат намуда, ба ӯ шароб бихарад?

27281

Таърихи нашр : 02-01-2025

Мушоҳидаҳо : 169

Савол

Падарам шароб менӯшад, аз ман хоҳиш мекунад, ки ба ӯ шароб биёрам ва ман ба ӯ не гуфта наметавонам, зеро ӯ манбаи даромад дар хона аст. Оё ман барои он шаробҳои харидаам, ҷазо дода мешавам?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аллоҳ таъоло некӯӣ ва итоати падару модарро бар фарзандон фарз гардонидааст.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

قُلْ تَعَالَوْا أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْ أَلَّا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُم مِّنْ إِمْلَاقٍ نَّحْنُ نَرْزُقُكُمْ وَإِيَّاهُمْ وَلَا تَقْرَبُوا الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ وَلَا تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ ذَٰلِكُمْ وَصَّاكُم بِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

سورة الأنعام: ١٥١

«Бигӯ: Биёед, он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: Ин ки чизеро ба Ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандонатонро аз тарси тангдастӣ накушед. Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем. Ва ба корҳои зишт чӣ ошкор бошад ва чӣ ниҳон наздик нашавед ва касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед. Ин чизҳоест, ки Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки хирад варзед».   (Сураи Анъом: 151).

Аллоҳ таъоло нофармонии падару модарро ҳаром гардонидааст.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا

سورة الإسراء: ٢٣

«Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, пас ба онон (ҳатто калимаи) уф магӯ ва бар онҳо овоз баланд макун ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ».   (Сураи Исро: 23).
Ин тоат фарз аст, магар ин ки (падару модар) ба ширк ё гуноҳ амр кунанд, чунки итоати махлуқ дар нофармонии офаридгор ҷоиз нест.
Хамр (шароб, май) бо Қуръону суннат ва иҷмоъ ҳаром мебошад.
Аллоҳ таъоло мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنصَابُ وَالأَزْلامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ❁ إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمْ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنْ الصَّلاةِ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنتَهُونَ

سورة المائدة: ٩٠-٩١

«Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (як навъ қуръапартоӣ) палид ва аз амали шайтон аст, пас аз онҳо дурӣ ҷӯед, то растагор шавед. Шайтон мехоҳад ба василаи шаробу қимор, дар байни шумо адовату кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ ва аз намоз боздорад, пас оё шумо худдорӣ мекунед?».   (Сураи Моида: 90 – 91).
Дар шароб даҳ тоифа лаънат шудаанд, аз ҷумла харидори он.
Аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст: Тайёркунандаи он, шахсе ки тайёр кардани онро талаб намудааст, нӯшандаи он, оварандаи он, шахсе ки овардани онро талаб намудааст, соқии он, фурӯшандаи он, хӯрандаи пули он, харидори он ва шахсе ки харидани онро талаб кардааст».
Тирмизӣ (1295) ва Ибни Моҷа (3381) ин ҳадисро ривоят кардаанд.
Ин ҳадисро Шайх Албонӣ дар китоби “Саҳиҳу-т-тирмизӣ” рақами ҳадис (1041) саҳеҳ донистааст.
Хулоса: Барои шумо ҳалол нест, ки ба падари худ шароб бихаред. Итоати махлуқ дар нофармонии офаридгор ҷоиз нест, гарчанде ки ин амал падарро хашмгин намояд ва ӯ дар ҳаққи шумо дуои бад кунад. Ӯ ба хотири ин амалаш гунаҳкор мешавад ва дар Шариъат ягон вазне надорад.
Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: «Ҳар кас бо хашми мардум Аллоҳро хушнуд кунад, Аллоҳ таъоло ӯро нигоҳ медорад. Ҳар кас бо хушнудии мардум Аллоҳро хашмгин созад, Аллоҳ ӯро ба мардум вогузорад».
Ибни Ҳиббон ин ҳадисро дар китоби “Саҳиҳ”-и худ (1/115) ривоят кардааст. Шайх Албонӣ онро дар китоби “Ассилсилату-с-саҳиҳа” (2311) саҳеҳ донистааст.

Аз Аллоҳ таъоло хоҳонем, ки падари шуморо ҳидоят намояд.

Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб