Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Оё бар хондани сураи Ихлос дар рӯзи Ошуро тарғибу ташвиқ омадааст ва он саҳеҳ мебошад?

297258

Таърихи нашр : 18-08-2021

Мушоҳидаҳо : 1776

Савол

Аз Алӣ (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мефармояд: «Ҳар кас дар рӯзи Ошуро ҳазор маротиба сураи Ихлосро бихонад, худованди Раҳмон ба ӯ назар мекунад ва ба ҳар кас, ки худованди Раҳмон назар кунад, ӯро муҷозот нахоҳад кард». Оё ин ҳадиси саҳеҳ мебошад? Оё ягон зикрҳои махсусе вуҷуд доранд, ки дар рӯзи Ошуро хонда шаванд ва фазилати хоссе дошта бошанд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳадиси «Ҳар кас дар рӯзи Ошуро ҳазор маротиба сураи Ихлосро бихонад … » ҳадиси носаҳеҳ буда ягон асосе надорад. Ин ривоятест, ки китобҳои шиа онро аз китоби "Ал-Иқболу би-л-аъмол"-и Алӣ ибни Мусо ибни Товус нақл кардаанд. Соҳиби ин китоб ин ривоятро бе санад аз сухани Ҷаъфари Содиқ ворид кардааст.

Шайх Албонӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

"Дар мавриди фазилати хондани (Қул ҳуваллоҳу аҳад) ҳазор маротиба ҳадиси собитеро намедонам, балки тамоми ривоятҳо дар ин бора бениҳоят заиф мебошанд". Поёни сухан аз китоби "Силсилату-л-аҳодиси-з-заифа" (6/333).

Аз ҷумлаи амалҳои бофазилати собитшуда дар рӯзи Ошуро ин рӯза мебошад.

Аз Ибни Аббос ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро надидаам, ки ба рӯзае он қадар аҳамият диҳад ва онро аз дигар рӯзҳо бартар донад, магар рӯзаи рӯзи Ошуро ва ин моҳ, яъне моҳи Рамазон».   Ривояти Бухорӣ (2006) ва Муслим (1132).

Барои фоидаи бештар ба ҷавоби саволи рақами (21775 ) руҷӯъ кунед.

Ибни Қайим (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод) гуфтааст:

"Ҳадисҳои сурма кашидан ба чашм, оростан, фарохӣ дар хароҷоти худ ва аҳлу аёли худ, намоз хондан ва дигар амалҳои бофазилат дар рӯзи Ошуро саҳеҳ намебошанд, ҳатто як ҳадиси саҳеҳе дар ин бора ворид нашудааст. Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин мавзӯъ ғайр аз ҳадисҳои рӯза ҳадиси дигаре собит нашудааст, ба ҷуз ҳадисҳои рӯза дигар ҳадисҳо ботил мебошанд". Поёни сухан аз китоби "Ал-Манору-л-муниф" (саҳ: 103).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Сомонаи Ислом савол ва ҷавоб

Мавзӯҳои алоқаманд