Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ як рӯз рӯза мегирад ва як рӯз ифтор мекунад (яъне рӯза намегирад) ... Рӯзҳое, ки дар он рӯза доштан манъ аст, кадомҳоянд?

32469

Таърихи нашр : 25-07-2020

Мушоҳидаҳо : 1869

Савол

Рӯзаи Довудро оғоз кардаам, Аллоҳ кӯмаккунанда аст, иншоаллоҳ. Вале рӯзҳое, ки дар он бароям рӯза гирифтан ҷоиз нест, кадомҳоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аз Аллоҳ хоҳонем, ки ба ту кӯмак кунад ва аз ту қабул намояд.

Дар фазли рӯзаи Довуд (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадисе ворид шудааст, ки онро Бухорӣ (1079) ва Муслим (1159) аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: "Маҳбубтарин намоз назди Аллоҳ, намози Довуд (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва маҳбубтарин рӯза назди Аллоҳ, рӯзаи Довуд (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст. Ӯ нисфи шабро мехобид ва сеяки онро шабзиндадорӣ мекард ва сипас шашяки дигари онро мехобид ва як рӯз рӯза медошт ва як рӯз ифтор мекард".

Аммо рӯзҳое, ки бароят рӯза доштани он ҷоиз нест, рӯзи иди Фитр ва рӯзи иди Азҳо (Қурбон) ва айёми ташриқ аст, ки он се рӯз пас аз иди Азҳо мебошад.

Зеро Бухорӣ (1889) ва Муслим (1920) аз Убайд мавлои Ибни Азҳар ривоят кардаанд, ки гуфт: Дар рӯзи ид бо ҳамроҳии Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) будам. Ӯ гуфт: "Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз рӯзаи ин ду рӯз манъ кардааст, аввалин рӯз баъд аз моҳи Рамазон (рӯзи иди Фитр) ва рӯзе, ки аз қурбониҳоятон мехӯред (рӯзи иди Қурбон)".

Бухорӣ аз Оиша ва Ибни Умар (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) ривоят кардааст, ки гуфтаанд: "Дар айёми ташриқ иҷозаи рӯза гирифтан дода нашудааст, магар барои касе, ки ҳадйро (дар ҳаҷ барои қурбонӣ кардан) пайдо накунад".

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб