Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Зиёрати қабристонҳои шаҳидон

Савол

Ҳукми зиёрати баъзе қабристонҳои Мадина, аз қабили Бақеъ ва шаҳидони Уҳуд чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Зиёрати қабрҳо дар ҳама ҷо суннат аст, алалхусус зиёрати Боқеъ, ки бисёре аз саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо хушнуд бод) дар онҷо дафн карда шуданд, аз ҷумла амири мӯъминин Усмон ибни Аффон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод), ки қабри ӯ дар онҷо маълум аст.

Инчунин суннат аст, ки ба сӯи Уҳуд равона шавад, то қабрҳои шаҳидон, аз ҷумла қабри Ҳамза ибни Абдулмутталиб, амаки расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)-ро зиёрат намояд. Инчунин шоиста аст, ки масҷиди Қуборо зиёрат кунад. Вузӯ карда (аз хонаи худ) мебарояд ва дар онҷо ду ракъат намоз мехонад, зеро дар ин амал фазилати бузург вуҷуд дорад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Намоз дар масҷиди Қубо ба монанди умра аст».   "Саҳиҳу-т-тарғиб" (1180).

Инчунин расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе дар хонаи худ таҳорат бикунад, сипас ба масҷиди Қубо биёяд ва дар онҷо намозе бихонад, ба ӯ савоби умра дода мешавад».   "Саҳиҳу-т-тарғиб" (1181).

Дар Мадина ғайр аз маконҳои зерин дигар макони зиёратӣ вуҷуд надорад: Масҷиди Набавӣ, қабри паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод), Бақеъ, шаҳидони Уҳуд ва Масҷиди Қубо. Аммо ба ғайр аз маконҳои мазкур зиёратгоҳҳои дигар, ба монанди масҷидҳои ҳафтгона ва масҷиди Ғамома ҳеҷ асосе надорад ва зиёрати онҳо бо ҳадафи ибодати Аллоҳ бидъат аст, зеро он аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ворид нашудааст. Барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки бе далели шаръӣ барои замон ё макон ё амале собит намояд, ки анҷом додан ё қасд намудани он ибодат аст.

Сарчашма: Поёни сухан аз гуфтори Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)- китоби "Далилу-л-ахтои-л-латӣ яқаъу фиҳа-л-ҳоҷҷу ва-л-муътамир".