Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Агар касе ба коре киро шавад, барояш ҷоиз аст, ки каси дигареро барои иҷрои он кор киро намояд.

34590

Таърихи нашр : 08-01-2022

Мушоҳидаҳо : 1748

Савол

Оё лоиҳаро фурухтан ҷоиз аст? Барои мисол, як нафар лоиҳаеро аз як муассиса бо нархи 300 миллион харида, онро барои ба итмом расонидан бо нархи 250 миллион ба ширкати сохтмонии дигаре медиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Фурӯхтани лоиҳаҳо ҷоиз аст. Инчунин агар касе барои иҷрои коре, ба монанди сохтмони биное ва ё кори дигаре киро шуда бошад, ҳеҷ боке надорад, ки барои анҷоми ин кор шахси дигареро киро кунад, аммо ба ду шарт:

Аввал:

Муассиса дар шартнома қайд накарда бошад, ки ин амалро танҳо тарафи дуввум иҷро менамояд ва тарафи дуввум набояд лоиҳаро ба каси дигаре бифурӯшад. (Яъне агар муассиса дар шартнома қайд карда бошад, ки ин амалро танҳо тарафи дуввум иҷро менамояд. Дар ин ҳолат тарафи саввумро киро кардан ҷоиз нест. Агар муассиса дар шартнома қайд карда  бошад, ки лоиҳа набояд ба каси дигар фурӯхта шавад. Дар ин ҳолат фурӯши чунин лоиҳа ҷоиз нест). Зеро расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Мусулмонон ба шартҳои худ вафодоранд».   Абудовуд (3594) ин ҳадисро ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар "Саҳиҳу Абидовуд" саҳеҳ  шуморидааст.

Аз Кумитаи доимии фатво оиди касе, ки як биноро бо нархи сад ҳазор ба иҷора гирифта, онро бо нархи яксаду панҷоҳ ҳазор ба иҷора додааст, пурсиданд. Оё ин амал ҷоиз аст?

Чунин ҷавоб доданд:

"Касе ягон чизеро ба иҷора гирифта бошад, метавонад онро ба шахси дигаре бо ҳамон нарх ва ё ба нархи зиёдтар ва ё камтар, ба ҳамон муддате, ки худ ба иҷора гирифтааст, на зиёдтар аз он, ба иҷора бидиҳад, зеро ӯ салоҳияти истифода бурдани чизи ба иҷора додашударо дорад, аз ин рӯ, ӯ метавонад худ истифода барад ва ё ба каси дигаре ба истифода бидиҳад, ба ҷуз дар ҳолате, ки иҷорадиҳанда, яъне соҳиби он ба иҷорагиранда шарт гузошта бошад, ки онро барои дигар шахс ва ё барои соҳибони касбу кори муайяне, ки дар шартнома баён намудааст, ба иҷора надиҳад. Агар чунин бошад, ҳарду бар он шарте, ки гузоштаанд, бояд вафо намоянд". Поёни сухан.

Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Масъала: Агар инсон ба коре киро карда шавад ва он корро ба ӯҳдаи худ бигирад, ба ӯ гуфта шавад, ки мо мехоҳем ҳамин хонаро ҳаррӯз тоза бикунӣ, бар ивази он дар як моҳ бароят сад риёл медиҳем. Ӯ бошад, шахси дигареро барои иҷрои ҳамин кор киро карда, барояш панҷоҳ  риёл муайян мекунад. Оё ин кор ҷоиз аст ё на?

Дар ҷавоб гуфт:

Оре, ҷоиз аст. Ин худи он чизест, ки агар мо бигуем: Муддати боқимондаро бо нархи зиёд ба иҷора додан ҷоиз аст, имрӯзҳо ин амал дар байни мардум роиҷ аст. Барои мисол, ҳукумат барои тоза кардани масҷидҳо бо як ширкате шартнома мебандад, ки ҳар як масҷид дар як моҳ бо маблағи муайяне тоза карда шавад. Баъд аз он, ин ширкат коргаронро оварда мувофиқи шартнома масҷидсҳоро тоза мекунад, аммо бо нархи камтар аз чаҳор як ҳиссае, ки ширкат бо ҳукумат шартнома бастааст, бо коргарон шартнома мебандад. Ин амал дар воқеъ мавҷуд аст. Ба ҷуз ҳолате, ки мақсади кирокунанда дигар бошад, дар ин ҳолат ин кор ҷоиз нест.

Мисоли он чунин аст: Масалан инсонеро киро кардаам, ки китоби "Зоду-л-мустақниъ" (китоби фиқҳӣ)-ро бароям рӯбардор бикунад ва он мардро ман мешиносам, ки ҳусни хаташ хуб буда, хатогиаш кам аст. Ин шахс бошад, шахси дигареро киро кардааст, ки бо нархи камтар аз он нархе, ки ман барои  ӯ  муайян кардаам, менависад. Ин марде, ки шахси дуввум ӯро киро кардааст, ҳусни хаташ зебо аст. Аммо дар ин масъала уламо мегӯянд: Ин амал ҷоиз нест. Поёни сухан. "Ашшарҳу-л-мумтиъ" (4/327).

Зеро дар рӯбардор кардани китоб на фақат ҳусни хат муҳим аст, балки ҳусни хати зебо ва ҳам риоя намудани қоидаҳои имло ва гузоштани аломатҳои пунктуатсия, ба монанди нуқта, вергул ва ғайра дар ҷойҳояшон муҳим аст.

    Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб