Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Ӯ мехоҳад номи писарашро Наҷиб гузорад. Номгузории навзод ҳаққи кист?

35705

Таърихи нашр : 06-12-2020

Мушоҳидаҳо : 1752

Савол

Аллоҳ бароямон навзоди писар ато кардааст, аммо ману шавҳарам дар номгузорӣ ихтилоф дорем. Шавҳарам мехоҳад ӯро Наҷиб, бо номи падари худ номгузорӣ кунад, чунки падараш пештар аз ӯ чунин дархост карда буд. Аммо ман ин номро намехоҳам, зеро фикр мекунам, ки ман ҳам дар интихоби номи писарам ҳақ дорам ва касе набояд маро ба гузоштани ин ном маҷбур кунад. Оё ҳама душвориҳое, ки модар ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширдиҳӣ аз сар мегузаронад ва ҳама кӯшишҳое, ки дар тарбияи фарзандон ба харҷ медиҳад, ба ӯ ҳуқуқи интихоби номи навзодашро намедиҳад? Инчунин ман метарсам, ки ин ном ба муносибати ман бо писарам таъсир расонад. Чӣ гуна метавонам бо номе, ки дӯст намедорам, ӯро садо кунам? Ман намедонам, ки падараш дар ин интихоб тибқи шариъат ҳақ дорад ва оё нодида гирифтани фикри ман ҷоиз аст? Фикри ман шояд заиф бошад, аммо ман ҳақиқатро меҷӯям ва намехоҳам ба худ ё писар ё шавҳари худ ситам кунам. Дар ҳар сурат, ман ба ҳукми шариъат розӣ мебошам, иншоаллоҳ (агар Аллоҳ хоҳад).

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал: Ба ҳукми шариъат розӣ буданат дар ҳама ҳолатҳо, амали хеле хубе аст.

Дуввум: Аллоҳ бароятон дар навзодатон баракат диҳад ва ӯро ба тарзи писандида парваришаш диҳад.

Саввум: Олимон изҳор доштаанд, ки номгузории фарзанд ҳаққи падар аст ва ба ӯ нисбат дода мешавад, (яъне насаби падарро мегирад), аз ин рӯ, ӯро чунин мегуянд: Фалонӣ писари фалонӣ, ё фалон зан духтари фалонӣ.

Чаҳорум: Шарт нест, ки модар бар ивази баъзе машаққатҳояш дар ин дунё мукофот бигирад, барояш беҳтар аст, ки онро дар охират бигирад.

Панҷум: Бо вуҷуди ҳамаи ин, ба падар мустаҳаб аст, ки ба қадри имкон кӯшиш кунад, то байни ҳама хоҳишҳо созгор бошад ва бо модар маслиҳат кунад, аммо дар сурати ихтилоф, худи ӯ тасмим мегирад.

Шашум: Некӣ ва эҳтироми падар ба падар худ, кори хубу некӯ ва нияти хайр аст, хусусан ҳангоми пиронсолагии падар. Агар ӯ имкони некӣ ва эҳтиром кардани ӯро бо ин фарзанд аз даст бидиҳад, шояд дар оянда ҳам ин имкониятро аз даст медиҳад, аммо агар ӯро бо воситаи ин фарзанд эҳтиром кунад, ба ӯ аҷру савоб дода мешавад ва метавонад розигии ҳамсарашро ҳам ба даст биёрад, масалан ба ӯ иҷозат бидиҳад, ки номи фарзанди ояндаашро ӯ интихоб намояд.

Аз Аллоҳ мепурсем, ки ба шумо ризқи фаровон бидиҳад.

Ҳафтум: Номи Наҷиб номи хубест, ки аз калимаи Ан-наҷоба (النجابة) гирифта шудааст. Ин сиғаи муболиға буда, бар вазни фаъил (فعيل) аст. Ан-наҷоба (النجابة) дар луғат ба маънои ҳушёрӣ ва бартарию пешқадамӣ аз дигарон ва дар он маънои зиракӣ ва ҳушёрӣ вуҷуд дорад.

Фирӯзободӣ дар  китоби Ал-Қомус (саҳ: 136) гуфтааст: Наҷиб ба маънои саховатманд олинажод, калимаи "Ан-наҷб" (النجب) ба маънои саховатманду карим мебошад.

Ин ном аз номҳоест, ки барои навзод хушбинӣ карда мешавад.

Аз Аллоҳ мехоҳем, ки ӯро ҳифз кунад ва ӯро ба тарзи писандида парваришаш диҳад ва ҳар орзуе, ки барояш доред, ӯро аз он беҳтар гардонад.

   Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб