Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Даромади ман бо хароҷотам баробар аст, оё ҳаҷ бар ман воҷиб аст?

Савол

Ман сарвари оилае мебошам, ки аз ду фарзанду ҳамсар иборат аст. Маошам ба эҳтиёҷоти зиндагӣ базӯр мерасад ва дигар даромад надорам. Ман 4 сол дар яке аз кишварҳои Халиҷӣ кор кардам ва (дар ин муддат) як миқдор пуле ҷамъ кардам ва он пулро дар яке аз бонкҳои исломӣ гузоштам, то аз он даромаде ба даст оварам ва (он даромад) барои баровардани мушкилоти мухталифи зиндагӣ кӯмак кунад. Маошам ва ин даромади бонк барои ману оилаам ба андозаи миёна кофӣ аст. Оё ман вазифадор ҳастам, ки хароҷоти ҳаҷро аз он пул (яъне аз он пуле, ки дар бонк гузоштаам) бигирам? Ва оё ман дар ин шароит бояд ба ҳаҷ биравам?

Бояд қайд кард, ки агар ман аз суратҳисоби бонкиам барои хароҷоти ҳаҷ пул бигирам, ин ба даромади моҳонаи ман таъсир мерасонад ва ба мушкилоти моддӣ мувоҷеҳ мешавам. Эй Шайхи бузургвор! Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар ҳолати шумо ҳамонтавре бошад, ки (дар савол) зикр кардед, шумо бар адо намудани ҳаҷ мукаллаф нестед, (яъне ҳаҷ бар шумо фарз нест), зеро аз нигоҳи Шариат тавоноӣ надоред.

Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَلِلهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَن اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا

سورة آل عمران: ٩٧

«Ва барои Аллоҳ, ҳаҷҷи хона (Каъба) бар мардум воҷиб аст, барои касоне, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошанд».   (Сураи Оли Имрон: 97).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

فَاتَّقُوا اللهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ

سورة التغابن: ١٦

«Пас, он қадар ки тавонед, аз Аллоҳ битарсед».   (Сураи Тағобун: 16).

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло фармудааст:

وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ

سورة الحج: ٧٨

«Ва дар дин бароятон ҳеҷ кори сангин ва сахте қарор надод».   (Сураи Ҳаҷ: 78).

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: "Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто" (11/35)