Чоршанбе 5 Ҷумода-л-уло 1446 - 6 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ҳамбистарӣ дар шабу рӯзи ид

Савол

Ҳукми ҳамбистарӣ дар шабу рӯзи ид чист? (Саволи ман ба идайн "иди Фитр ва иди Азҳо" тааллуқ дорад). Чунки аз баъзе бародарону дӯстон шунидаам, ки ин кор ҷоиз нест.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Он чизе, ки шумо аз баъзе бародарону дӯстонатон шунидаед, дуруст нест. Ҳамбистарӣ дар шабу рӯзи ид раво аст. Ҳамбистарӣ танҳо дар рӯзҳои моҳи Рамазон, ҳангоми эҳром дар ҳаҷ ё умра ва ё дар ҳоли ҳайз ё нифос ҳаром аст.

  Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб