Панҷшанбе 20 Ҷумода-л-уло 1446 - 21 Ноябр 2024
Тоҷикӣ

Ташкил намудани якчанд намозгоҳи ид дар як шаҳр

Савол

Ташкилоти исломӣ толори бузургеро барои баргузории намози идайн ба иҷора гирифтааст. Оё барои ҷамоъате, ки тақрибан сӣ мил аз толор дуранд, ҷоиз аст, ки намози идро дар масҷиди худ баргузор кунанд? Бояд қайд кард, ки васоили нақлиёт вуҷуд доранд. Оё беҳтар нест, ки бештари мусулмонон барои намози ид дар як толор ҷамъ шаванд, ба ҷои ин ки дар якчанд ҷамоъат намозро баргузор намоянд?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар тавонед дар як ҷой ҷамъ шавед, ин беҳтар аст, аммо агар ин барояшон душвор бошад, ҳеҷ боке нест, ки онҳо дар шаҳри худашон, ки аз макони баргузории намози ид сӣ километр ва ё монанди он дуртар аст ва якҷо шуданашон душвор аст, намоз гузоранд.

     Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто (8/292)