Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Ӯ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин посух дод:
Ман инро ҷоиз намедонам:
Аввал: Зеро мумкин аст, ки дигарон низ ба ин акс нигоҳ кунанд.
Дуввум: Зеро акс пурра воқеиятро намоиш намедиҳад, бисёр вақт инсон аксеро мебинад, вале ҳангоме ки худи он шахсро мебинад, мефаҳмад, ки тамоман дигар аст.
Саввум: Шояд акс дар назди хостгор боқӣ бимонад, вале ӯ аз хостгорӣ даст кашад, аммо акс дар назди ӯ боқӣ мемонад ва метавонад ҳар гунае, ки бихоҳад аз он акс истифода барад.
Аллоҳ донотар аст.