Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Қурбонии падар барои фарзанде, ки дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунад, кифоя нест

Савол

Оё қурбоние, ки падарам анҷом медиҳад, аз ҷои ман ва хонаводаам низ кофист? Бояд қайд кард, ки ман дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунам.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Машрӯъ ин аст, ки ҳар як хонавода аз номи худ қурбонӣ намоянд.

Аз Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди марди оиладоре пурсиданд, ки дар шаҳре зиндагӣ мекунад, ки дар он шаҳр падараш зиндагӣ намекунад. Оё қурбонии падараш аз ӯ ва фарзандонаш кофист?

Чунин посух дод:

"Эй саволдиҳанда! Агар дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекарда бошед, пас бар шумо машрӯъ аст, ки аз номи худ ва аз номи хонаводаи худ қурбонӣ намоед. Қурбонии падаратон аз номи худ ва аҳли хонаводааш барои шумо кофӣ нест, зеро шумо бо онҳо дар як хона нестед, балки хонаи шумо алоҳида аст". Поёни сухан.

Аз Кумитаи доимӣ пурсиданд:

Ман ду оила дорам, ки ҳарду оила дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд. Ин хонаҳо аз ҳамдигар тақрибан 200 метр дуранд. Ин оилаҳо, оилаи ман ва оилаи падарам мебошад. Қобили зикр аст, ки падарам то ҳол дар қайди ҳаёт мебошад. Саволи ман чунин аст: Оё бароямон ҷоиз аст, ки ману падарам аз номи ҳарду хона як бузеро қурбонӣ намоем ва ё на?

Чунин посух доданд:

"Машрӯъ ин аст, ки аҳли ҳар як хонавода барои худ қурбонии алоҳидае анҷом бидиҳанд". Поёни сухан.

"Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (11/406).

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб