Сешанбе 5 Рабиъу-л-охир 1446 - 8 Октябр 2024
Тоҷикӣ

Оё иваз кардани либосҳои эҳром ҷоиз аст?

Савол

Ҳангоме, ки дар ҳаҷ будам, дар Мино, дар хоб эҳтилом шудам. Вақте ки аз хоб бедор шудам, ғусл кардам ва либосҳои эҳромро иваз намудам. Оё ман кори дуруст кардаам? Ва оё ҳаҷҷи ман дуруст аст?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Бале, барои муҳрим ҷоиз аст, ки либосҳои эҳромашро иваз кунад. Мо қаблан фатвои донишмандони Кумитаи доимиро дар ҷавоби саволи рақами (26722 ) зикр карда будем. Дар ин ҷо фатвои Шайх Ибни Усаймин (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)-ро илова мекунем.

Шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин гуфтааст:

Барои муҳриме, ки ба ҳаҷ ё умра эҳром пӯшидааст, хоҳ мард бошад ва хоҳ зан, ҷоиз аст, ки либоси эҳромеро, ки бо он ба эҳром даромадааст, тағйир бидиҳад ва либоси дигаре бипӯшад, дар сурате ки либоси дигар аз либосҳое бошад, ки пӯшидани он барои муҳрим ҷоиз бошад.

"Ал-Манҳаҷу лимуриди-л-ъумрати ва-л-ҳаҷ" (Фоидаи панҷум).

     Аллоҳ донотар аст.

Сарчашма: Ислом савол ва ҷавоб