Якшанбе 21 Ҷумода-л-охира 1446 - 22 Декабр 2024
Тоҷикӣ

Шабзиндадории шаби қадр ва ҳукми ҷашн гирифтани он

Савол

Шабзиндадории шаби қадр чи гуна мебошад? Оё бо намоз ва ё бо хондани Қуръон ва сирати паёмбар ва панду насиҳат ва ҷашн гирифтани он дар масҷид мебошад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Аввал:

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охири Рамазон чунон саъю кӯшиш мекард, ки дар дигар вақтҳо барои намоз, қироат ва дуо чунин саъю кӯшиш намекард. Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят кардаанд, ки мефармояд: "Ҳар гоҳ даҳаи охири Рамазон дарояд, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шабзиндадорӣ мекард ва хонаводаашонро бедор менамуд ва изори худро мебаст (яъне аз ҳамбистарӣ бо ҳамсарон худдорӣ мекард)".

Дар ривояти Аҳмад ва Муслим омадааст: "Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар даҳаи охири Рамазон чунон саъю талош мекард, ки дар дигар вақтҳо чунин саъю кӯшиш намекард".

Дуввум:

Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) барои бо имону талаби савоб барпо доштани шаби қадр тарғибу ташвиқ намудааст. Аз Абуҳурайра (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва талаби савоб бо намоз гузаронад, гуноҳони пешинааш бахшида мешавад».   Ривояти ҷамоат ба ҷуз Ибни Моҷа.

Ин ҳадис ба машрӯъ будани шабзиндадории шаби қадр бо намоз далолат мекунад.

Саввум:

Аз беҳтарин дуоҳое, ки дар шаби қадр гуфта мешавад, дуоест ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) омӯхт. Тирмизӣ аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят намуда, онро саҳеҳ донистааст, ки Оиша гуфтааст: Гуфтам: Эй расулуллоҳ! Агар бидонам, ки дар шаби қадр қарор дорам, чӣ бигӯям? Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Бигӯ:

اللَّهُمَّ إِنَّكَ عَفُوٌّ تُحِبُّ الْعَفْوَ، فَاعْفُ عَنِّي

"Аллоҳумма иннака афуввун туҳиббу-л-ъафва фаъфу ъаннӣ".

(Эй Аллоҳ, албатта Ту бисёр афвкунандаву бахшояндаӣ, бахшишро дӯст медорӣ, пас маро бубахш).

Чаҳорум:

Аммо хос намудани шабе аз Рамазон, ки яқинан он шаби қадр аст, ба далел ниёз дорад, вале шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон эҳтимоли бештар доранд, ки шаби қадр дар он шабҳо қарор дошта бошад ва шаби бисту ҳафтум эҳтимоли бештар дорад, ки шаби қадр бошад, зеро дар ин бора ҳадисҳое ворид шудаанд, ки ба он чи зикр кардем, далолат мекунанд.

Панҷум:

Аммо бидъатҳо на дар Рамазон ва на дар дигар моҳҳо ҷоиз нест. Аз расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, ки мефармояд: «Ҳар кас дар дини мо чизеро пайдо кунад, ки аз он нест, пас он радшуда аст».

Дар ривояти дигар омадааст: «Ҳар кас амале анҷом бидиҳад, ки амри мо бар он нест, пас он амал радшуда аст».

Аз ин хотир, он ҷашнҳое, ки дар баъзе шабҳои Рамазон анҷом дода мешавад, ҳеҷ асосеро барои он намедонем. Беҳтарин равиш, равиши Муҳаммад (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аст ва бадтарин амалҳо дар дин, ин навпайдошудаҳо (бидъатҳо) аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.

Сарчашма: "Фатово-л-лаҷнату-д-доима" (10/413).