Чоршанбе 20 Шаъбон 1446 - 19 Феврал 2025
Тоҷикӣ

Оё намози таҳияи масҷид ба ҷои суннати бомдод кофист?

5100

Таърихи нашр : 16-01-2025

Мушоҳидаҳо : 964

Савол

Агар шахсе вориди масҷид шавад ва намози таҳияи масҷид бихонад, оё ин ба ҷои ду ракъати суннати бомдод кифоя аст? Ё бояд намози таҳияи масҷид бихонад ва сипас ду ракъат суннати бомдодро баҷо оварад?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Агар вориди масҷид шавад ва намози суннати бомдодро бихонад, ин ҷои намози таҳияи масҷидро мегирад. (Яъне намози суннати бомдод кифоя аст ва таҳияи масҷидро хондан лозим нест). Агар ҳар ду намозро якҷоя ният кунад, хуб аст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Сарчашма: Аллаҷнату-д-доимату ли-л-буҳуси-л-илмийяти ва-л-ифто: 7/371